ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Бар яке эҳсону бар халқаш сухан
Бояд он ки гуфта бошӣ аз ҳасан.
Мар нашояд бар яке гӯиву бас,
В-он дигарро карда бошӣ вазни хас.
Нисбати мардуму хидмат назди ӯ,
Гар насиб бошад, кунем пас гуфтугӯ.
Чунки мақсад з-ин ҳадис куллан дигар:
Мақсади он – озу зулм аст, ай писар.
Истимоъ бинмо ҳадиси муқвиро,
Бар танат кун пас ҳарири тақвиро.
Кор фармо ақлро дар роҳи дин,
То магардад оқибат ҷонат ҳазин.
Додани анбоз Худоро гар як аст,
Пас, уқуқи волидайн дар он хат аст.
Манзури мо аз кабоир гуфт сухан,
Чун наем мо аз қатори аҳли тан.
Аҳли ҷонем, ҷонпарастем, ай рафиқ,
Мақсуди мо огаҳ аст андар шафиқ.
Даъвати мо сирф ба сӯйи он Худост,
Чун Худо бинмояд бар мо роҳи рост!
Ин сухан охир надорад, ай ахӣ,
Гар бақо монад сухан, дар дасти зӣ.
Аз гуноҳони кабир аст ширку оз,
Бар Худо андодро мушрик масоз.
Пас, маранҷон волидайнро, ай фато,
Гар махоҳӣ оқро бар худ ҷазо.
Гар биранҷанд волидайн аз дасти ту,
Оқибат гардӣ Худоро ту аду.
Ҳуш дор, ки он Худо бо аҳли оз,
Мекунад кӯтаҳ сухан, на ки дароз.
Нури волид пахш гардад дар сараш,
Каҷ бигардад дар раҳи ҳақ гарданаш.
Роҳро гум мекунад дар саҳни кишт,
Менаёбад васлро бо он Биҳишт.
...
(дар итмоми маънӣ ва ҳикмати он Ҳадиси ривоятшуда аз Абдиллоҳ
писари Масъуд (р.а.)), ки оид ба некӣ намудан бар волидайн ва дар хидмати
онҳо будан буд ва акси ин кор, ки уқуқи волидайн, яъне, зулму ситам
намудан бар волидайн аз гуноҳони кабира ҳисоб шуда, ҷазои он басо сахт
аст)
Ҳам Абӣ Бакрата ва ҳам Анас (р.а-мо) ривоят мекунанд, ки Паёмбари акрам,
Муҳаммади мустафо (с.а.в.) оид ба “акбар-ул-кабоир”, яъне, гуноҳони кабира
(бузургтарин гуноҳон) чунин фармудааст: “... ал-ишроку биллоҳи ва уқуқ-улволидайни...”, яъне, ширк овардан ба Худованд ва азият додани падару модар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё