ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
аз бузургтарин гуноҳон маҳсуб мегарданд (Ал-Бухорӣ, Китоби шаҳодат (53),
Боби 10).
Яъне, дӯстам, бояд он ки аз ин ҳадиси муқвӣ, яъне, саҳеҳу пурмазмун бояд он ки фойида бурд ва онро шиори таҳким додани имони худ ва барои тақво (парҳез) намудан аз ин кор истифода бурд.
Яъне, анбоз додан бар Худованд (ширк намудан бар вай бо андод (бутҳо, олиҳот, “худоҳои зиёд”)) ва уқуқи волидайн, яъне, азият додани волидайн (ноҳурматӣ, ноэҳтиромӣ, сухани сахту бад бар онҳо гуфтан, ранҷонидани онҳо) аз гуноҳони кабира аст ва шахс бояд дар ин кори шахсӣ ва динии худ дурусттар ақлро ба кор дарорад ва аз чунин як рафтору кирдори ноҷоиз парҳез кунад ва дасту даҳон бар он мазанад, ки гуноҳони кабира, маҳз ана ҳамин дуи аввалаш, бахшида намешаванд.
Дар он Ояти карима, ки оид ба некӣ намудан бар волидайн буд ва камина каме онро барои тавзеҳ додани ҳадиси пешина тафсир намуда буд, боз суханест, яъне, амрест, ки Худованди карим ба мо чунин васият намудааст: “... ва ло танҳарҳумо...”, яъне, “... ва маранҷонед (ҳардуи) онҳоро”.
Яъне, сухан оид ба ранҷонидани волидайн меравад, ки кардани он барои мусулмони комил, барои фарзандон қатъиян ва яқинан манъ шудааст ва аз амалҳои “... кабура мақтан ъинда-л-лоҳи...”, яъне, нописандтарин дар назди Худованди карим маҳсуб шудааст.
Аз ин ҷост, дӯстам, ки уқуқи волидайн, яъне, ранҷонидани онҳо, азият додани онҳо, маҳз “оқ”-ро (изофа: уқуқу оқ ҳамрешаанд) дар натиҷа, дар байн эҷод мекунад ва агар Худо нахоҳад, албатта, фарзанд “оқи падар” гардад, пас, он нуре, ки дар Рӯзи Қиёмат боиси равшанӣ ва ёфтани роҳ ба сӯи Ҷаннат аст, дар пешонии фарзанд хомӯш мегардад ва вай дар торикӣ дармемонад ва наметавонад, ки қадаме ба рост ва ё чап ниҳад.
Дигараш он аст, ки азиятдиҳандагони (аҳли азо) волидайн адуи (душмани)
Худованди бузург ҳастанд ва Худованд макунад, ки вай бо мо душман гардад, чунки ҳисобу китоби аҳли азо хуб кӯтаҳ асту ҳукми ҷазояш басо сахт аст. Ва чун Худованди карим худ фармудааст: “... ва ман кона ъадувва-л-лоҳи..., фаиннал-лоҳа ъадувва-л-кофирин”, яъне, ва ҳар он касе, ки бо Худованд душман гардид (ва душманӣ намуд)..., пас, ҳар ойина Худованди қаҳҳор душмани (чунин) инкоркунандагон мегардад.
Ин баробари он аст, ки дар амри Худованди ҳукмрон ширк варзида, аз он саркашӣ намудан аст, ва “... фааммо ман таға... фаинна-л-ҷаҳима ҳийа-лмаъво”, яъне, он касе, ки аз фармони Худованд саркашӣ намуд..., пас, ҳар ойина Дӯзах насиби ӯ хоҳад шуд.
……….

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё