ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Менатонад зуд давад он сустмизоҷ,
Чун наяст аспу хареву хармизоҷ.
Қарз он бошад, ки додӣ нақд бар ӯ,
На ки суд андар танаш, ай чораҷӯ.
Гар диҳӣ харро ба вом, з-ӯ асп махоҳ,
Хар бихоҳу хар бихоҳу хар бихоҳ!
Гар харат дар дасти ӯ заъф шуду мурд,
Пас, илоҷ нест, ҷуз гуфтан: “Хар бимурд!”
Хӯрдани суди изофӣ нест дуруст,
Дар ҳалолаш бояд он ки ризқ ҷуст.
Эҳтиёҷ маҷбур кунад, то ки саре,
Бар замин орад фурӯ шаҳ бар даре.
Гар намебуд маҷбур ӯ бар ину он,
Дам намезад лоларух аз хасми ҷон.
Ӯ намекард ранги сурхро бас зард,
Ё намезад бӯсаро бар пойи тард.
Гар бибошад қасди додан, пас, бидон,
Қасд бикун то беғараз бошӣ дар он.
З-инчунин корат ризо гардад Худо,
Мард бимонӣ, мисли шаҳ, ай бовафо.
Қасди суд кардӣ агар дар вому он,
Фарқ чӣ бошад байни ту бо он харон?!
Металаб он ҳиссаро, ки додаӣ,
На зиёд аз он, ки бар вай додаӣ.
Бас Худоро шукр бигӯй, ё нури айн,
То ки комил бозгардонад ӯ дайн.
Як ҷаҳон аст гар диҳад қарзро камол,
Тез бичин онрову бар чашмат бимол.
Ӯ тавонад, варна сад қасде кунад,
Бо ҳазорон ҳарзае аҳмақ кунад.
Шубҳа бошад то ки қарз ояд тамом,
Пас, чӣ нафъ аст қасди суд, ай бу-салом?
...
(дар идомаи ҳадисҳо оид ба “акбар-ул-кабоир” (гуноҳони кабира, бузург) ва ё
“сабъа му(в)биқот”, яъне, “ҳафт гуноҳони бузург”)
Абу Ҳурайра (р.а.) ривоят мекунад, ки Паёмбари акрам, Муҳаммади мустафо (с.а.в.) оиди гуноҳони кабира (бузург) чунин низ фармуда буд, ки дар сафи ин акбар-ул-кабоир ва ё сабъа му(в)биқот, мисли ширк овардан ба Худованди карим, озурдан ва азият додани волидайн, куштани инсони бегуноҳ, туҳмат бар шаъну шарафи занҳои покдоман, (ботилона ва дар ҷаҳолат) хӯрдани моли (ризқи) ятимон ва ҳоказо, “... аклу ар-рибоъ...” ҳам, яъне, хӯрдани рибоъ ҳам будааст.
Рибоъ, пас, чист, дӯстам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё