Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Яъне, чун дар Қуръони азимушшаън омадааст: ботилона даст задан бар моли ятим ва хӯрдани он, мисли он аст, ки гӯиё “... акала ан-нори фӣ батниҳӣ...” будааст, яъне, фурӯ бурдани оташи Ҷаҳаннам дар шикам аст. Худованд аз чунин рӯзи сахт ва ҳолати бад нигаҳ дорад моро, чунки ягон обе пайдо нест, ки ҳарорати он оташро дар тан пасту бард карда тавонад ва ё ҷонро аз чунин сӯзиш дар рӯзи қиёмат эмин дошта тавонад.

Оҳ, кош, мо мефаҳмидем, ки ин кор нодурусту аз роҳи васл бо Худо нест. Ҷои он хуб мешуд, ки аз чунин кор даст мекашидему ба даъвати Худованд, ки “ирҷиъи ило раббика розиятан марзиййа... фадхулӣ фӣ ибодӣ. Ва-дхулӣ Ҷаннатӣ...” (аз Қуръон), яъне, Худованд аз кори мо розиву мо аз мукофоташ мешудему ба қатори обидонаш номнавис шуда, ба Ҷаннаташ медаромадем.

Мо бояд фаҳмем, ки ятим худ маҳруми раҳму меҳрубонии волидайнаш гаштааст; вай парастор надорад, вале мо бояд дарк кунем, ки чунин маҳрумонро худи Худованди бузург парасторӣ мекунад. Худованд ҳамеша дасти ҳимояву ҳифзашро бар сари эшон арзонӣ дорад ва ризқу рӯзиашонро мерасонад. Ва дуъои онҳо ҳамеша мустаҷоби даргоҳи Худованд аст. Ва Худо макунад, ки аз дасти мо ятимон ба дод оянду биранҷанд, чунки чун ривоят шудааст, маҳз гиряи ятим Арши устувортарини Худовандро ба ларза медарорад.

Мо боз бояд онро ҳам дарк кунем, ки соилона (пурсон) омадани маҳрумон ба назди дари мо – ин имтиҳони Худованд аст. Ӯ моро бо ҳар кор месанҷад ва мехоҳад донад, ки мо пурсандагонеро, ки Ӯ фиристодааст нон медиҳем ва ё бо суханони қабеҳ душном дода, бо қаҳр аз назди дарамон меронем? Ҳушёр бояд бошем, дӯстам, ки кори тасодуф нест дар ҷаҳон ва ин ҳама кор имтиҳони ӯст.

……….

23.Оид ба масоили ситонидани суди изофӣ аз тани қарз, яъне, гирифтану хӯрдани рибоъ, ки аз “акбару-л-кабоир”, яъне, гуноҳони кабира ва яке аз “сабъа му(в)биқот”, яъне, яке аз ҳафт гуноҳони кабира маҳсуб гардидааст.

“Ҳаррама-л-лоҳу рибоъ” дар ҷуфти банд,
Мастури саҳфа бишуду гардид панд.
Чун рибоъ қасди валӣ шуд, гашт ҳаром
Хӯрдани он, бозгирифта дар мақом.
К-аз гуноҳон, - карда таъкид он Набӣ,
Гуфт: “... ҳаром аст хӯрдани он, ай мусӣ!”.
Чист рибоъ? Асли тан аст ё ҳаҷми зам?
Ё ки шарти он ғараз гашт мултазам?
Гарчи аз зайф мекунӣ харро саво,
Хар ҳамон, ки зери зин аст, ай фато.
Гарчи харро асп гӯӣ, вай хар аст,
Дар набард маҷруҳи тиру музтар аст.

пешина
аз 175
навбатӣ