ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Худи қарз, яъне, маблағи асосии он ҳаром нест. Ва нияти неке, ки қарздиҳанда беғаразона, барои муваққатан кумак намудани қарзгиранда медиҳад, низ ҳаром нест, балки ҳалол аст.
Валекин қарздиҳанда бояд ҳамеша омода бошад ва донад, ки эҳтимоли бозгардонидани қарз паст аст ва дар чунин ҳолат, омода бошад, ки онро бахшад ва ё сабр дошта бошад. Вагарна аз чунин шарту ҳолати қарзу қарздиҳӣ даст кашаду худро ва қарзгирандаро эҳтиёт кунад.
……….
- Оид ба масоили гурехтан аз ҷанг, сарфи назар аз он ки аҳд пештар баста, ваъдаҳо дода шуда буд, ки аз “акбару-л-кабоир”, яъне, гуноҳони кабира ва яке аз “сабъа му(в)биқот”, яъне, яке аз ҳафт гуноҳони кабира маҳсуб гардидааст.
Душмане гар бинад дар ҳарб пушти сар,
Бетакаллуф, қасд кунад бар вай ҳаҷар.
Сангро ӯ бар сараш сахт мезанад,
Пӯсту гӯшти косаро сахт медарад.
Мекунад вай устухонро низ шигоф,
Мекашад бар сар ӯ теғро аз ғилоф.
Дам зи теғ бар гарданаш молон шавад,
Сар зи китф меафтаду ғелон шавад.
Медарад пӯсти назифро он аду,
Мағзи сар бо хун ояд з-он каду.
Ранги мӯй андар қитол гардад сурх,
Медамад дар чашм нишони кунҷи бурх.
Он фирорӣ тард гардад бар замин,
Ҷон равад аз бехунӣ сахт, ай амин.
Инчунин аст тақдири он сарсахт,
Ки ҳамекофт дар гурехтан тахту бахт.
Он, ки аз борон гурезад, бе хато,
Зери барфи сахт монад, ай фато.
Он, ки аз барф мегурезад, дар даме
Рӯ ба рӯ бо “бачакуш” гардад ҳаме.
Инчунин асбоби санҷишаш касир,
То куҷо, пас, мегурезӣ, ай назир?
Аз набарди имтиҳон асло гурез,
Қасд макуну боз макун бар он ситез.
Он, ки тасмим мекунад кардан фирор,
Санг ёбад пушти сар, ай булбарор.
Лек ҳамеёбад барорро он яке,
Ки матарсад рӯ кунад бо сад саге.
Ӯ ҳамедонад, ки бо ӯст он Худо,
Ки ҳамекард бар сагонаш мубтало.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё