Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ин бувад ҳол дар набарди ҷанги даст,
Лек, ҳамон аст дар қиёс бо кори паст,
Гар бидод аҳду валек дар ними роҳ,
Ӯ ҳамекард мисли ин кор иштибоҳ.
Иштибоҳ аст, дода паймон, кард фирор,
Гарчи бошад ҷанг ҷанги нобарор.
Чунки на ҷанг, балки аҳд ояд иёб,
На ки ҷангу балки аҳд гардад ҳисоб.
...

(дар идомаи ҳадисҳо оиди “акбар-ул-кабоир” (гуноҳони кабира, бузург) ва ё
“сабъа му(в)биқот”, яъне, “ҳафт гуноҳи бузург”)

Абу Ҳурайра (р.а.) ривоят мекунад, ки Паёмбари акрам, Муҳаммади мустафо (с.а.в.) оид ба гуноҳони кабира (бузург) боз чунин фармуда буд, ки дар сафи ин акбар-ул-кабоир ва ё сабъа му(в)биқот, мисли ширк овардан ба Худованди карим, озурдан ва азият додани волидайн, куштани инсони бегуноҳ, туҳмат бар шаъну шарафи занҳои покдоман, (ботилона ва дар ҷаҳолат) хӯрдани моли (ризқи) ятимон, хӯрдани рибоъ, “... ва-т-тавалло йавма-з-заҳфи...”, яъне, дар набард рӯяшро (пушташро) гардонида, фирор мекардааст, низ будааст. Яъне, чунин ашхос аз майдони ҷанг фирор мекунанд.

Хуб, албатта, дӯстам, ин ҳадис оид ба он ашхоси фирорӣ, ки дар ҷангҳои ҳарбиёни мусалмонон бо кофарони ондавра, ки дар вақти Паёмбар ба вуқуъ пайваста буд, будааст, вале маҷозан, камтар тасаввур бикунӣ, пас, ҳаёти ҳаррӯзинаи мо ҳам мисли ана ҳамон майдони ҷанг аст ва ё набарди мубориза аст, ки инсон бояд бо тамоми имтиҳоноти сахти Худованд, ки баҳри такмил ва рушди руҳонии инсон пиёда шудааст, мардонавор рӯ ба рӯ шавад, санҷишҳоро гузарад ва ҳоказо. Ин “ҷанг” аз он ҷангҳо фарқияте надорад, ки ҳамоно ҳар ду барои рушди Ислом, хоҳ миёни мардум ва хоҳ рушди Ислом дар ҷонамон асту бас.

Хуб гуфтаанд, ки шахсеро тағйир додан мушкил аст, вале, худро тағйир додан басо ва аз он ҳам мушкилтар аст. Инсон бояд ана ҳамон сифоту нишонаҳои бадиро бояд дар худ кушта бошад, бо он ҳама тамаъ ва ҳирси дунё дар худ мубориза бурда тавонад ва онро бояд мағлуб карда бошад. Ва барои ин кор ана ҳамон имтиҳоноти Худованд лозим аст ва ё он ки вақти рӯ ба рӯ шудан бо он, рӯяшро матофта магурезад, чунки “шахси аз борон гурехта, ҳатман бо барф рӯ ба рӯ мешавад”, яъне, имтиҳони пасина аз ин имтиҳон сахттар мешаваду бас.

Чун Худованд худ фармудааст: “Инна-л-лоҳа маъа-с-собирин”, яъне, Худованд ҳамеша бо сабркунандагон аст ва ӯ “... раъуфун бил-ибод” аст, яъне, ҳамеша меҳрубон бар бандагонаш аст, пас, ӯ, ки ин имтиҳонотро пеш овард, ҳамеша бо сабркунандагон асту қодир аст, ки онҳоро ҳифзу ҳимоя кунад.

пешина
аз 175
навбатӣ