Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Албатта, дӯстам, забонро аз суханчиниву суханони зур, яъне, дурӯғу қабеҳу ҳақир, аз миннату азиятдоданиҳо, аз ғайбат ва дигар хубсҳо, яъне, нопокиҳо бояд пок нигаҳ дошт. Ин забону даҳон барои ҳалокориҳо дода шудааст, яъне, барои хӯрданиҳои ҳалолу гуфтаниҳои нек.

Вале чӣ бояд марди оқил кунад, агар мабодо суханчине назди вай ояду аз ину он хабар кашад?

Ин ҷо банда аз равзанаи Панду Ҳикмат, ки аз саҳфаи дӯсташ иқтибос кардааст, дар миён чанде аз ҷавобҳои амиқ ва пурҳикматро меорам:

  1. Марде ба назди Холид ибни Валид омада, гуфт: “Фулонӣ туро дашном дод!”
    Холид чунин ҷавоб дод: “Ин саҳифаи Аъмоли ӯст, бо ҳар чӣ, ки мехоҳад, пур
    кардан гирад!”

  2. Нафаре ба назди Ваҳб ибни Мунаббиҳ омада, гуфт: “Фулонӣ дар ҳаққи шумо
    суханҳои қабеҳ гуфт!”
    Ваҳб ба ӯ чунин ҷавоб дод: “Оё Шайтон ҷуз ту дигар хабаррасон наёфт?!”

  3. Марде ба назди як ҳакиме омада гуфт: “Фулонӣ туро ҳақорат кард!” Ҳаким гуфт: “Ӯ, ки ба ман тир андохту тираш ба ман нарасид, пас чаро он тирро бардошта ба дили ман халонидӣ?!”. Ва амсоли ин.

……….

  1. Оид ба масоили об додан ба кулли ташнагон, мин ҷумла, ба ҷонварон ҳам аз ҷинси ҳайвонот ва ҳам аз ҷинси наботот.

Тоҷ ниҳоданд бар сари абде ва ӯ
Ҷилва кард андар муҳит бар чорсӯ.
Дида мешуд з-он нураш дуру яқин,
Он чи буд, онро ҳамедид ону ин.
Гашта ҳайрон, аҳли Ҷаннат з-ин аҷиб,
Сирри инро пурсиданд аз он муҷиб.
Сир чӣ бошад, ай фулонӣ, то ки тоҷ
Медурахшад дар сарат мисли сироҷ?
Чӣ амал буд, ин ки бар сар тоҷи зар
Ҳадя карданд мар туро пеши назар?
Мо чунин тоҷро кам андар кам дидем,
Бас шунида, интизори он шудем.
Гуфт: “Надоштам баҳри ин рӯз мояе,
Ҳар умедам мурда буд з-он сояе.
Лек барои раҳму об бар махлуқаш,
Ӯ сазовор кард маро бар раҳматаш.
Чунки рӯзе, дар биёбон ман саге
Ташна дидам, ки ҳамемезад раге.

пешина
аз 175
навбатӣ