Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Он забонаш аз даҳон рафта бурун,
Гӯиё аз ҳолаташ мекард сухун.
Ишкамаш часпид танашро, гӯиё,
Аз Худо бар обу нон мекард нидо.
Раҳмам омад з-инчунин ҳолат ва ман,
Зуд ҷудо гаштам зи ваҳми Аҳриман.
Он, ки бар қалб хуннасона васвасе,
Карда мегуфт: “Мегазад, охир, саге!”
Лек чу раҳм аз тарсу ваҳм осудааст,
В-он Худо бо ту дар ин кор будааст.
Раҳм маҷбур кард, ки баҳри об ба саг,
Ҷуръате пайдо кунам в-оям ба таг.
Аз чаҳе бо он чи дар сар тоқӣ буд,
Назди саг он тоқиям бас соқӣ шуд.
Нӯшид обро он саги ташнашикам,
Фориғе гашт баъди он аз дарду ғам.
Сӯйи саҳро бозгашт бозикунон,
Низ ман гаштам басо хушнуд аз он.
Тоқиро афшонда, бар сар карда, ман,
Бар раҳи худ бозгаштам бо қадам.”
Ин бувад таърихи тоқӣ то ба тоҷ,
Ки ҳамешуд мустафод дар эҳтиёҷ.
Ин бувад таърихи он бемояе,
Ки дар охир ёфт таҳи садр сояе.
Он ки бо як хидматаш тоҷро ба сар,
Гашт сазовор тоҷро аз Зӣ-басар.
Бас савоб аст додани об ташнаро,
Ҷуз мукофот тоҷ мабод дар ду саро.
Ҳар ки об дод, нӯшад ӯ аз раҳматаш,
Аз наҳори асалу пурлаззаташ.
Аз наҳори ширу аз он махтуме,
Аз наҳори бирру аз он тасниме.
Ташна гар бошад зи ҷинси ғайри ту,
Бас савоб аст об додан маҳз бар ӯ.
Чунки ӯ низ офарида, мисли туст,
Чунки ӯ низ аз Худо раҳме биҷуст.
Чунки ӯ низ ҷон дорад, ай фато,
Чунки ӯ низ мекунад бар Ҳақ нидо.
...

Абуҳурайра (р.а.) ривоят мекунад, ки Паёмбари акрам, Муҳаммади мустафо (с.а.в.) рӯзе чунин гуфт, ки се нафар ҳастанд, ки Худованд бар онҳо дар Рӯзи Қиёмат назар намекунад, яъне, таваҷҷуҳ бар онҳо зоҳир намекунад ва яке аз онҳо “... раҷулун кона лаҳу фазлу моъин би-т-тариқӣ, фаманаъаҳу мин ибли-с-сабили...”, яъне, шахсе, ки соҳиби обу дорои сер намудани ташнагон аст, валекин аз об додани ибни сабил, яъне, мусофирону пиёдагардон ва ҳоказо даст мекашад, яъне, ба онҳо об намедиҳад.

пешина
аз 175
навбатӣ