ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Бале, дӯстам, об додан савоб аст ва на танҳо ибни сабилро, балки ҳар киро ва ҳатто ҷонварони Худоро, ки мисли ту сиришта шудаанд ва баҳри хидмати ту омода гаштаанд.
Пас, обашон деҳ, то Худованд туро низ аз он сер кунад ва ба ҷойи он, аз “раҳиқин махтум” ва ё аз “айни тасним” шарбатҳо бинӯшонад.
Ҳолашонро бо он бард бикун, то ки Худованд туро низ аз нӯшидани оби “ҳамимин ва ғассақан” нигаҳ дорад ва дар зери дарахти бузурге ва сояафкан дар Рӯзи Қиёмат ҷой диҳад, то ки эмин аз оташи Дӯзах гардӣ.
Ҳолашонро хушнуд аз он бикун, то ки Худованд аз ту ризову ҳолати туро низ хушнуд гардонад ва ҳамеша дар хотир дор, ки об низ зинда асту баҳри ана ҳамин корҳои савоб офарида шудааст ва амонати Худо аст.
……….
- Оид ба масоили некӣ, ки кифоя ва аз нишонаҳои мусалмон гаштану будану мурдан аст.
Гарчи мегӯӣ, варо тасдиқ куст?
Дар чӣ бояд тасдиқи онро биҷуст?
Гарчи гуфтӣ бо забони худ, варо
Бо чӣ тасдиқ мекунӣ ту баҳри мо?
Гар забон гӯяд варо тасдиқ зи дил,
Бо чӣ коре гуфтаро бандад васил?
Чист бо дил тасдиқаш? Чист кори он?
Гуфтаро чун оварӣ бо кор ба ҷон!
Варна чӣ суд гуфтану нокардане?
Чун шавад қарз гуфтаҳо дар гардане.
Назди Ҳақ он гуфтайи нокардааш,
Паст кунад дар рутбаву дар манзалаш.
Нописанд шуд назди Ҳақ гавҳарниҳод,
Гарчи гуфту пас, накард дар он ҷиҳод.
Ин сари сабз аз чунин гардан ҷудост,
Гуфтану нокарданаш, ҳайҳот, хатост.
Чун амал зеби сухан аст, ай фулон,
Пас сухан пӯсту амал мағз андар он.
Он чӣ тасдиқ шуд, ҳатман рӯзи пас,
Мешавад зоҳир дар рафтори кас.
Гар ба ҳам оянд ният бо ҷаҳди кор,
Нусрату фатҳро бубахшад Кирдугор.
“Ло илоҳ...” гуфтан ҳеҷ аст, ай манур,
Гар сухан нокарда монад дар судур.
Чист Ислом? Дил ба ёру даст ба кор, Ғайри он аст гуфтану нокарда кор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё