ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Бале, дӯстам, дар қатори парастиши Худованди ягона ва иҷро намудани аркони Ислом, пас, шарти Ислом боз он аст, ки “агар фойидаат нарасад, пас, ақаллан, зиёнатро ба дигарон марасон”, “шахсеро аз роҳаш бознадору малолу хиҷолаташ мадеҳ”.
Бубин ки “агар кори дигар надошта бошӣ”, яъне, агар аз иҷрои он фароиз фориғ шуда бошӣ, пас, ту метавонӣ шахси соликро, ки дар роҳи хайри Худованд сафаре бар он маҷлиси нек дорад, аз роҳаш бознадорӣ ва лаҷоми шутурашро сар диҳӣ, то ки он шахс масъулияти худро дар назди умматону омма, ки интизори ваянд, иҷро карда тавонад. Ва бидон, дӯстам, ки ин ҳам кори нек аст!
Ва дигаре он аст, дӯстам, ки нек ва ё кори нек ҳадду канор, теъдоду шумор, ҳаҷму мундариҷа, ҳолу аҳвол, фолу ақвол... ва ҳоказоро надорад. Некӣ – некӣ аст ва агарчанд он хурд бошад ҳам, ҳамоно, он некӣ аст ва аз кардани он, шарм мадор. Бикун онро!
Кардани кори нек барои мусалмони комил – амри мутлақ аз ҷониби Худованди карим аст.
Бингар, ки Худованди ҳаким чӣ мегӯяд, - “... ва-л-лазина оману ва ъамилу-ссолиҳоти улоика асҳобу-л-Ҷаннати, ҳум фийҳо холидун” (Сураи “Бақара”), яъне, “... ва он ашхосе, ки (ба Худованд) имон оварданд ва амалҳои солеҳ намуданд, онҳо аз аҳли Ҷаннатанд ва онҳо дар он ҷовиданд.
Яъне, аз ин бармеояд, ки барои дохил шудан ба Ҷаннати Худованди одил кифоя аст, ки инсон ба Худованд бовар дошта бошаду амалҳои неку шоистаро ба анҷом расонида бошад.
……….
- Оид ба масоили он, ки аввал бояд чӣ воҷиб шуда бошад, ҳамоно онро бояд иҷро намуд; пас, ихтиёран.
На ки пӯсту на ки гӯшту, на изом
Метавонад ҷон гирад аз хоки хом.
Дастури ҳифз аст тухми мову бас,
Менатонад боздиҳад ҳосил ба кас.
Худ ба худ аз тухм ҳосил аз куҷост?!
Ин ҳама амру ирода бо Худост!
Ончи бошад андаруни тухм, вале
Мезанад аз қаъри санг нозук-саре.
Ай бале, фаҳмидайӣ! Мағз аст он,
На ки пӯсту на ки гӯшт, на устухон!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё