ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Мар шунидӣ? Мардуме гӯянд: “Бигӯ
Мағзи гапро ту ба мо, ай лофагӯ!
Кай шавад ширин даҳон аз “шаф-шаф”-ат?
Кай тавонем дод пухта маслаҳат?
Қасди ту аз “шаф-шаф”-е “шафтолу” аст?
Ё ки “олу” нест дар он? “Зардолу” аст?”
Ин бубин, дӯстам, ки аз тухми “шаф”-ат,
Сад ҳазор олуи авҳом мепазад.
Сад ҳазор дигар хаёлу бас гумон,
Раҳ занад олиму омро бегумон.
Инчунин ҳол аст, ки дар аркони дин,
Хайру фазл бошад ва ё афзалтарин.
Ин сифот аст, мундариҷ дар мартаба,
Ин калиду он калидҳо дар шада.
Хондани панҷ вақт намоз - афзалтар аст,
Аз дигар маъзуфиҳо, он бартар аст.
Бояд он ки, аввалан, онро бихонд,
На ки худро аз паси маъзуф ронд.
Гар илоҷ бошад ва имкон, майлу ҷуд,
Метавонӣ карда бошӣ сад суҷуд.
Гар мабошад, пас, ҳамон ҳафтдаҳ бас аст,
Се зи витру дуву даҳ аз суннат аст.
Пас, бидон ҳафтдаҳ рукуъ фарз асту бас,
Ин бувад фармону он марз асту бас.
Ғайри он хайр бошаду воҷиб нест,
Хонданаш бе он яке муъҷиб нест.
“Ло, илло ан татовваъ” ёд кун,
Ҳар гумону ҳар ҳавасро бод кун.
...
Талҳа Ибни Убайдуллоҳ (р.а.) ривоят мекунад, ки рӯзе, марде аз Аҳли Наҷд ба назди Паёмбар (с.а.в.) меояд.
Аз дурӣ маълум буд, ки чизе мегуфт, вале ҳеҷ кас намефаҳмид, ки мард чиҳо гуфта истодааст, магарам вақте, ки ба ҳузури Паёмбар расид, аз вай бипурсид, ки Ислом чист?
Паёмбари акрам фармуд: Ислом он аст, ки ҳар мусалмони болиғ ва оқил бояд дар ҳар шабонарӯз намозҳои панҷгонаро бихонад.
Он мард бипурсид: “Ҳал ъалаййа ғайруҳо?”, яъне, “Ғайр аз ин панҷ намоз дар
шабонарӯз оё намози дигаре ба ман воҷиб аст?”
Паёмбар (с.а.в.) гуфт: “Ло, илло ан татовваъа”, яъне, “Хайр, магар ин ки ба
майли худат намози изофӣ бихонӣ.” Яъне, дӯстам, хондани панҷвақта намоз шарт асту ҳатмӣ асту фарз аст, вале хондани намози изофӣ ғайр аз он панҷвақта кори хуб аст, вале вобаста аз хосту нияту майли худи он мусалмон аст ва он мисли нурест андаруни нур.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё