Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

“... йуъминун би-л-ғайб” баҳри ин дил аст,
Муъмине бе ин диле бас бедил аст.
Хуб каримон ҷаҳди дидан кардаанд,
Дар “... аринӣ” матлабу дил бастаанд.
Мутмаъин гардад қулуб аз диданӣ,
Лек ба дидан гардад ҳуш санҷиданӣ.
Чун бидид Мусо ҷило, аз ҳуш рафт,
Бар замин ғалтиду омад бӯйи тафт.
Чун ба худ омад, бипаррид он қӯ,
На Худо монд, на нишон аз он вуқӯъ.
На ки Иброҳим тавонист дид Варо,
На Муҳаммад кард тасдиқ гуфтаро.
Пардае буд байни Аҳмад дар уруҷ,
Роз паси он парда мешуд бас хуруҷ.
Ё ки мешуд ваҳй нозил, Ҷабраил
Дар васат буд байни Ҳаққу в-он Халил.
Лек дар ин ҳол ҳам, қавсайн ё каме,
Буд байни ин Халилу в-он Даме.
Пас, Худоро кас надидаст, то ба он
Дам, ки ояд Рӯзи охир дар ҷаҳон.
Он, ки ваъда додааст, ай ҷони ҷон,
Вонамояд хешро бар муъминон.
То ба он дам, пас, Худоро чашми сар,
Нотавонад дид дар ин раҳгузар.
Чашми дилро баргушо, ай ҷони ман,
То тавонӣ бас Худо дид дар чаман.
Ломакон аст, ботину бас зоҳир аст,
Меҳрубону бас Раҳиму Қоҳир аст.
“... ақрабу мин ҳабл” аст аз шоҳраге,
Дар дилу дар ақлу хуну ин раге.
...

Масруқ (р.а.) ривоят мекунад, ки рӯзе, аз Модари муъминон, Оиша (р.а-ҳо) чунин суъол мекунад: “Оё Муҳаммад (с.а.в.) Парвардигорашро дидааст?”, яъне, оё Паёмбари акрам, Муҳаммади мустафо (с.а.в.) боре дар ҳаёташ, ё дар Меъроҷ Худовандро бо чашмони худ дидааст?

Оиша (р.а-ҳо) чунин мегӯяд: “... лақад қаффа шаъарӣ миммо қулта”, яъне,
(ай Масруқ,) “... аз ин суъоли додаат баданам ба ларза даромад” ва чунин
идома мекунад: “... айна анта мин салосин ман ҳаддасакунно фақад казаб!”

Яъне, дӯстам, Оиша(р.а-ҳо) ба Масруқ чунин мегӯяд: “... ту ба ин се чиз чӣ кор
дорӣ? (ва бидон), ки агар касе нисбати ин се чиз ба ту чизе (тасдиқона)
ҳарфе гӯяд, дурӯғ мегӯяд!”

Пас, Оиша (р.а-ҳо) чунин суханони худро идома дод:

пешина
аз 175
навбатӣ