Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Албатта, Паёмбар чунин қасд надошт, магарам мехост модари Қайсро биёзмояд, то ки то чӣ андоза модар аз фарзандаш норизо буданашро бифаҳмад.
Ва инчунин ҳам шуд.

Вақти шунидани ин амри Паёмбар, модари Қайс, яку якбора, худро зери пойи Паёмбар меандозад, бар нолаву зора медарояд ва аз кори кардааш пушаймон мешавад ва мегӯяд, ки гарчанд Қайс ӯро ранҷонида бошад ҳам, вай то ҳол фарзанду зодаи ӯст ва машояд ки фарзандро назди модар шиканҷа дода бошанд.

Чӣ аҷаб аст, ки вақти ризо шудани модар, ҷони Қайс ба осонӣ аз тан ҷудо мегардад ва ҷонаш аз бадани озурдааш раҳо мешавад!

Бале, модар ин ягона офаридаест, ки ҷони худро барои фарзандаш дареғ намедорад. Омода аст, ки бар ивази гуноҳони фарзандаш ҷазоро кашад, чӯбҳоро бар сари худ бизанонад ва ҳоказо.

Модар ягона офаридаест, ки бахшандаву басо бораҳм аст. Ӯ ягона офаридаест, ки ҳатто дар назди Парвардгор омода аст, ки ҷойи худро бар ивази ҷойи беҳтарин барои фарзандаш, дода бошад.

Ин аст Модар ва ин аст хислати ӯ!

……….

  1. Оид ба масоили беҳтар дониста шудани ҷиҳод дар назди волидайн, яъне нигоҳубинии онҳо ва хидмат дар назди онҳо, назар ба иштирок дар ҷиҳоди муқаддас.

Чун ривоят мекунанд аз он шариф,
К-уммате хост бо Набӣ гардад радиф.
Дар ҷиҳод мехост, ки ширкат варзад ӯ,
Дасту дилро баҳри Ислом бахшад ӯ.
Гиря мекард, зора мекард, к-эй Набӣ
Оҳ, чӣ мешуд гар маро бо худ барӣ?!
Дар набард ман мисли шерам; Сахт газам,
Ё ки шамшер бар сари душман занам...
Ман наям аз он, ки бинанд пушти ман,
Душманон бар хок шаванд аз мушти ман.
Зарбаи ман кӯҳи Қоф талқон кунад,
Ё дар осмон пойи дев ресмон кунад,
Ё занам занҷир ба пойи душманон,
Ё канам аз душмане ман пӯсту ҷон,
Ё кунам хокистаре “... кунфо йакун”
Ё хурам ман ин адуро гӯшту хун...
Гарчи мегуфт, дар ахир, пас, он мурид,

пешина
аз 175
навбатӣ