ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Бар тани ман, ҳарчи дорӣ, чӯб бизан!
Ҳарчи мехоҳӣ, бикан ту пӯст маро,
Лек макун ту қасди пӯсти бандаро.
Ман бизодам қайсаре, к-он шуд саҳоб,
Мар туро, ай Муртазо в-он аҳли боб.
Гарчи ранҷонид диламро, банди ман
Душмани ширин бувад ин Аҳриман!
“Ман ризоям... Ман ризо!” – гуфту бидид,
Чун нишони зиндагӣ гашт нопадид.
Ҷони Қайс ин дам баромад аз танаш,
Чун ризо аз ҳоли ӯ гашт модараш.
...
Бале, чун дар ривоят омадааст, рӯзе аз рӯзҳо, яке аз саҳобагони Паёмбари акрам, Муҳаммад мустафо (с.а.в.), ки Қайс ном дошт, маризу бистарӣ мегардад. Рӯзҳои он банда ба ҳисоб буданду лекин ҷон супориданаш хело мушкил гашта буд.
Ҳамаи хешу ақрабояш дар гирди ӯ ҷамъ шуда буданду лекин касе намедонист, ки ӯ чӣ аҳвол дорад. Чашмонашро сахт пӯшида буду дар ҳарорати баланди баданаш, ба назараш деву ҷинҳо менамуданд, ваҳму тарс мекашид ва дар нимҳушёрӣ суханҳои пасту баланд мезад.
Яке аз наздиконаш, пас, чунин хулосае мекунад, ки Паёмбарро, ки ба ӯ ин аҳвол муайянтар аст, даъват кунанд, то ки эшон ягон насиҳате кунад ва ҷонбарории Қайс осонтар шавад.
Паёмбари акрам (с.а.в.) меояд ва чун бар вай аён мегардад, ки Қайс модаре дошта будааст, ки аз фарзандаш норизо будааст ва то он даме, ки модар норизост, ҷон додани фарзандаш мушкил мегардад.
Амр мекунад, саҳобагонаш модари Қайсро меёбанд, вале сарфи назар аз он ки ба вай аз ҳоли фарзандаш мегӯянд, модараш чизе намегӯяд. Сарддилонаву сардрафторона, гӯиё ки рад мекард.
Пас, инро фаҳмида, худи Паёмбари акрам ба назди модари Қайс меравад ва мегӯяд, ки то он даме, ки модараш ризо мабошад, фарзанди ӯ на мемираду на мезияд ва ҷон доданаш басо мушкил мегардад. Вале, модари Қайс ҳамоно чизе намегӯяд. На “ҳа” мегӯяду на “не”, гӯиё он ки ягон коре нашудааст ва ё он ки, ӯро ин хабар ба ягон ваҷҳ дахлдор намекунад.
Пас, Паёмбар чунин амр бар саҳобагонаш назди модари Қайс мекунад, то ки ҳезумҳоро ҷамъ намоянд, тани то ҳол зиндаи Қайсро болои ҳезум гиранд ва ӯро зинда ба зинда оташ зананд, чунки аз чунин ҳолати душворӣ кашидани умматаш супуридани ҷон, зинда сӯхтани вай беҳтар аст ва ин оташ аз оташи Ҷаҳаннам сабуктару осонтар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё