Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зодаро бештар бувад ҳаққ, ай Абу!”
“Пас, киро?” – пурсид ҷавонмард аз Набӣ,
“Модарамро ё ки фармойӣ абӣ?”
Бори дувум ӯ хитоб карду бигуфт:
“Модарат авлотар аст аз байни ҷуфт!”
“Пас, кӣ бошад, ай Ҳабиб, зудтар бигӯй,
Дошта бошад бештар аз он обрӯй?”
Бори саввум Мустафо андар ҷавоб,
“Модарат...” – гуфт, “... дорад ҳаққи ин савоб!”
Ҳаққи модар аз падар бештар бувад,
З-ин сабаб ӯ дар мақом пештар бувад.
Ӯ зи рӯзи аввалин аз раҳми худ,
Хонае созад бароят, ай ануд.
Бистару болин ниҳад вай андарун,
Раҳм кунад бар заррае аз басти хун.
Чун бувад нарм андаруни раҳмаоб,
Зудтар сабзад тухмие дар ин шитоб.
Устухону гӯшту пӯсташ пур шавад,
Рангу рӯяш аз пурӣ пурнур шавад.
Чун мукаммал мешавад тифл дар шикам,
Руҳ дарояд ширакайф дар байти кам.
Руҳ бузург аст, тан ки кӯчак, з-ин сабаб
Менағунҷад андарунаш ҷисми Раб.
Дасту по сахт бар шикам вай мезанад,
Хоби модар з-ин заниш сахт меканад.
Инчунин аст ҳоли модар то даме,
То бубинад чашми тифл ин оламе.
Ту магир осон таваллуд, бас азоб
Мекашад бечора модар з-изтироб.
Вақти зоиш ҷой наёбад, ки ҷаҳад
Ё ки ҷони худро аз ранҷ ӯ раҳад.
Тоқати рост, на ки тоқат аз қуъуд
Дорад ӯ дар вақти зоиш, ай ануд.
Меканад ӯ хоки ҳоит ё замин,
Гиряд ӯ аз дарди сахташ, ай амин.
Ту, ки ин дам тухми мурғ нозойдаӣ,
Кай зи ранҷи модарон бӯй бурдаӣ?!
Аз куҷо донӣ ту қадри он шабон,
Ки будӣ ту хуфтаву ӯ чун шубон?!
Аз куҷо донӣ, ки баҳри гиряат,
Ӯ ҳаром мекард хобро дар барат?!
Аз куҷову аз куҷову аз куҷо...
Ин сухан охир надорад, ай фато
Ман тавонам қисматашро дод давом,
Лек, бас аст ин, хуб кифоя, вассалом!
...

пешина
аз 175
навбатӣ