ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Бале, чун дар аҳодиси набавӣ омадааст, рӯзе касе аз Паёмбари акрам, Муҳаммад мустафо (с.а.в.) суол мекунад, ки аз байни волидайн (падару модар) киро бояд бештар эҳтиром намуд?
Паёмбар (с.а.в.) чунин мефармояд: “Уммун!”, яъне модарро.
Он шахс, пас, чунин суол мекунад: “Пас, киро?”
Паёмбар (с.а.в.) бори дуввум ҷавоб медиҳад: “... сумма Уммун”, яъне, пас низ модарро.
Он шахс бори саввум аз Паёмбар мепурсад, ки пас киро?
Паёмбар низ бори савум, бо ин хитоб мефармояд: “... сумма Уммун”, яъне, пас низ модарро ва танҳо баъди маротибаи саввум ӯ чунин мегӯяд: “... сумма Абун”, яъне, пас падарро.
Яъне, аз ин ҷо бармеояд, ки мартабаи модар аз мартабаву мақоми падар се карат зиёд будааст. Ва ин ҳам дуруст ва мантиқи зайл дорад.
Аз рӯзи пайдоиши об дар раҳм ва бар ҷанин мубаддал гаштани мусға (хуни баста) ва пайдо шудани устухону гӯшту пӯсти инсон, то дами даромадани рӯҳ бар тани кӯчак ва то баровардани саре бар олами ҳастӣ, модар ҳамроҳи ӯст.
Ва то ин мукаммалиятӣ, яъне, аз зарраи об то ба тифли мукаммал мубаддал гаштанаш, бечора модар азоби онро мекашад ва раҳми тифлро мехурад. Ва ин карати аввал аст.
Карати дувум аз он рӯз равост, ки тифл ба дунё меояду аз уҳдаи чизе намебарояд. Ва танҳо модар ӯро бо сад навозишу меҳру муҳаббати хоссае шир медиҳаду ӯро ба воя мерасонад. Ва ин то он даме ҷорист, ки тифл ба кӯдаки комил мубаддал магардад, ба дасту по машавад, роҳ магардад, калимаҳоро талаффуз макунад, нону ош махурад ва ҳоказо.
Ва карати се ин аст, ки модар то зинда аст “Бачам!” мегуфтааст ва ғами ӯро то мурданаш мехӯрдааст.
……….
- Оид ба масоили эҳтиром намудани волидайн ва мартабаву мақоми хоссаи модар аз рӯи гуфтаҳои Паёмбари акрам (с.а.в.). Идома: оид ба ҳаққи модар.
Назди Ҳазрат уммате омад ва гуфт:
“Дар сафар буд модарам бо ман ҷуфт.
Тахтапуштам маркаби ӯ гашта буд, Чун қиёфро фулки Нуҳ ангошта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё