ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Пас, шамол меомаду дар гӯши вай,
Савти таскин мебаровард ҳамчу най.
Рой карда, мегуфт ӯ: “Гиря чаро
Мекунӣ дар васфи ин як бевафо?
Аҳди худро баста инсон ӯ кунун
Бозӣ дорад бо Худо мисли ҷунун.
Ин Худо низ “... ирҷиъӣ” гӯяд, вале
Бе таваҷҷуҳ гаштааст дар оламе.
На нигаҳ дорад сӯяш, на умед,
На дарак дорад зи сақф ӯ мисли бед...”
Ин сухан поён надорад, чунки, ӯ
Хислати раббонӣ дорад дар сабӯ.
Интизорӣ мекашид ӯ рӯзу шаб,
Оҳ зи дилу зора мекард ӯ зи Раб.
Рӯзи дигар бо умеди нав ба роҳ,
Мебаромад, менишаст, мекард нигоҳ.
Ҳамчунин рӯзҳо гузашту дар ахир,
Назди дар биншаста мурд ӯ мунтазир.
Мисли Салмон бар асояш такя ӯ
Карда, шах шуд ин даме аз ҷустуҷӯ.
Суратат дар дасти ӯ, чашмаш бар он,
Гӯиё менигарист ҳар дам бар он.
Чашмкушод ӯ рафт аз ин кӯҳнасаро,
Сӯи он, ки гуфта буд: “Бар ман биё!”
Вай надошт ҳеҷ эҳтиёҷ бар нони ту,
Ё надошт ҳеҷ қасд вай бар ҷони ту.
Интизори молу амвол ӯ набуд,
Бар нигоҳу суҳбатат ӯ ташна буд.
Лек наёфтӣ соати чанд, то шавӣ
Назди ӯ ҳозиру аз вай ғам барӣ.
Вақт надоштӣ, боре ту бар хона хам
Сар куниву пурсӣ аз вай шоду ғам.
Ӯ бимурду рафт, лек ту андар паяш
Мекунӣ молро ҷудо аз ин сараш?!
Мениҳӣ аз моли олам назди хеш?!
Мурдаро тавсиф кунӣ аз ҳад беш?!
“Модарам”-гӯён, ту фарёд мекунӣ?!
Баҳри ӯ “Ихлос” азёд мекунӣ?!
Меканӣ аз сар ту мӯйро тор-тор,
Гиря дорӣ дар азояш зор-зор...
Ӯ надорад эҳтиёҷ бар доду вой,
Дар куҷо будӣ, писар, ту дар куҷой?!
...
Бале, чун дар урфият низ гуфтаанд: “Баъди сарам оё офтоб мвбарояд ё не...”,
яъне, ҷони инсон, ки аз тан ҷудо шуд, рӯҳ ҳамон замон боло меравад ва аз ин
“рӯю мӯйканиҳо”, аз ин фиғону додзаданиҳо, ҷомадарониҳо, аз ин расму русумҳо, аз он қурбониҳо ва ҳоказо ҷуз ёди нек ва талаби нек нисбати маййит, ки баъди тиловате чанде аз Қуръони карим мешуда, дигар чизе барои манфаъати мурда нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё