ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Мо бояд зиндаҳоро қадр кунем ва мурдаҳоро - ёд. Ва зиндаҳоро ҳангоми зинда буданашон бояд қадр кард. Баъди мурданашон қадр ноҷоиз аст, вале ёди нек ҷоиз бувад ва ин, чун Паёмбари акрам фармуда, дар бобати “василаи раҳм”, - яке аз нишонаҳои мусалмони комил аст.
Бубинед, ки вақти зинда будани волидайн, бархе аз фарзандон ду дона нони гармакакро гирифта ва ё худ бе нон ҳам бошад, вақт ёфта, ба зиёрати қиблагоҳашон намеоянд. Гӯиё ки вақт надоранду хело серкоранд.
Ақаллан як бор зангашон намезананд ва аз аҳволи имрӯзаи эшон хабар ҳам намегиранд, вале омодаанд, ки маросими дафну расми нолозимаи волидайнашонро ба мартабае олӣ гузаронанд. Аз ин риёкорӣ чӣ суд?
Падару модарон ҳамеша муштоқи дидани фарзандонашон ҳастанд. Онҳо ба ду дона нони фарзандонашон эҳтиёҷ ҳам надоранд. Онҳо барои саъодатмандии фарзандонашон ҷонҳояшонро кайҳо боз фидо намудаанд. Рӯзу шаб дар ёди фарзандонашон ҳастанд, вале бархе аз ноодамон, боре ҳам вақт намёбанд, ки дар ёди волидайн бошанд, аз ҳоли онҳо пурсида бошанд.
……….
- Оид ба масоили доштани ҳисси масъулият назди ҳамҷинсон, хешу ақрабо ва аҳли хонавода.
“Куллу масъул ли-р-раъиййа...”, - гуфт ӯ,
Аз чӣ дорад ин ҳадис, пас, гуфтугӯ?
“Кулл” киянду “раъйаташ”, пас, кӣ буванд?
Аз чӣ кулл бар кори раъйшон масъуланд?
Кӣ ба кӣ масъул бувад? Кулл бар раъӣ?
Ё раъиййат масъули ҳар муддаъӣ?
То муаммо дар назар гардад аён,
Мо чунин як қиссаро дорем баён:
Рӯзе аз рӯзҳо ба назди он Ҳабиб,
Даррасид як марди дар хислат аҷиб.
Ӯ ҳамоно з-ақрабояш шиква дошт,
Тухми ҳайрат бар хаёли вай бикошт.
Кард зи ҳайрат гул уқули анҷуман,
З-эътирозу шикваву аз он сухан.
Гуфт: “Набошам ман чунинонро қудо,
На ки дӯсту на падар, на ақрабо.
Оқ кардам, кор надорам ман дигар,
На бисӯзам ҷони худро, на ҷигар...”

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё