ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Яъне, агар нахонад, дар он айбе ва ё гуноҳе нест. Хондӣ, зам шуд; нахондӣ, кам нашуд...
Албатта, ин ҷо гуфтанием, ки он мард ин шартро ҳар боре, ки Паёмбар як бар як оиди иҷро намудани дигар рукнҳои Ислом мегуфт, мепурсид ва ҳар гоҳ Паёмбар чунин ҷавоб медод: “Ло, илло ан татовваъа”.
Яъне, дӯстам, иҷро намудани панҷ аркони дини мубини Ислом шарту зарур асту воҷиб ва он аъмоле ғайри он ва бар замму изофаи он, вобаста аз майли худи инсон будааст ва он воҷиб нест, балки мустаҳаб аст.
Ва ин мағзи гапу мағзи дин аст, дӯстам.
……….
- Оид ба масоили нақши дасту забон дар ҳаёти ахлоқии мусалмони комил.
Чун зи Қуръон иқтибос кардему гуфт:
Муъминуне, ки шарик бошанду ҷуфт.
Мешавад дар хайр зоҳир ҷуфтишон,
Мисли хуршед чун аён аз нурфишон.
Даст ба даст муъмин бояд бо амал
Доимо бошад андар роҳи ҳал.
Чунки лаъл ояд хуруҷ аз наъли санг,
На ки санг ояд бурун аз лаъли танг.
Варна н-ояд “гуфт” бо “кард” иттифоқ,
Барнахезад байни он ҷуфт ҷуз нифоқ.
Медиҳад такмил карда гуфтаро,
На ки гуфта оқибат ҳар кардаро.
Асдиқу имонака, ё аҳли ҷуд,
Би-л-лисон ло таститиъ, бал би-л-вуҷуд!
Лайса шайъун йастатиъ ан йашҳадуҳ,
Бал фӣ қалбик касбуҳу, ло би-л-вуҷуҳ.
Ин сухан поён надорад, ай фато,
Ихтилофҳо мафҳуманд дар фаҳмҳо.
Мутмаъин гар дил бигардад, даст кун,
Кори некро махдуми ҳар даст кун.
Мутмаъин гар дил бибошад, хуб гӯй,
Чун забон дорад дар байн оби рӯй.
Ин забон мегӯяду даст мезанад,
Бар саре раҳме ва ё теғ мезанад.
Гар яке асбоби раҳму рушд буд, Он дигар боиси қатлу мушт шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё