Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Абу Ҳурайра (р.а.) ривоят мекунад, ки пас аз нозил шудани Ояте аз Худованди карим: - “... анзир ъаширатака ал-ақрабина”, яъне, (ай Муҳаммад), “... қавми наздики худро аз азоби Худованд огаҳ намову битарсон”, Паёмбар (с.а.в.) дар назди қавмаш, яъне Қурайшиҳо, аз ҷояш бархоста, чунин мегӯяд: - “... ё маъшара Қурайшин! ... Иштару анфусакум, ло уғнӣ ъанкум мина-л-лоҳи шайъан... ва ё Фотимату бинта Муҳаммадин! Салинӣ мо шиъти мин молӣ, ло уғнӣ ъанки мина-л-лоҳи шайъан”.

Яъне, “... ай ҷамоъат, ай аҳли Қурайш! (то тавонед, дар ин дунё) ҷонҳои худро харида бошед, (чунки) ман (дар он рӯзи сахт) наметавонам барои шумо чизеро аз Худованд дархосту фармуда бошам... ва ё Фотима, духтари Муҳаммад! (то тавонӣ) аз моли ман гирифта бошӣ, бигир, (вале, дониста бош, ки) ман наметавонам (дар он рӯз) ба ту фойидае ва ё чизеро аз Худованд дархост карда бошам”.

Бале, дӯстам, чун дар урфият низ гуфтаанд: “Гӯри ҳар кас ҷудо...” ва суолу ҷавоб низ бо ҳар кас, як ба як карда мешавад, вале огаҳ намудани хешу ақрабову дӯстону мардум ва тарсонидани онҳо аз азоби қабру Дӯзах, ҳамоно аз масъулияти ҳар яки мо маҳсуб мегардад.

Яъне, дар ин кор мо ҳамеша масъул будему масъул мемонем.

……….

  1. Оид ба масоили дӯст шуморидани Худованд ва муъминони накӯкор ва пойдор доштани силаи раҳм бо ақрабо.

Гарчи Буҷаҳл қаҳрӣ мекард бо Расул,
Вай намекард душманӣ бо ин фузул.
Ҷияни Буҷаҳл буд Муҳаммад, ӯ амак,
Мисли обе, к-андарунаш буд намак.
Мисли нохун буду Буҷаҳл - мисли гӯшт,
Кай тавонад устухон ояд зи пӯст?!
Гарчи Буҷаҳл даст кашид аз хеши худ,
Силаро Аҳмад ба ҷо оварда буд.
Чунки ҳамхун буд Расул, бо ӯ қариб,
Ин бувад дар кори ӯ гашт он муҷиб.
Гарчи Буҷаҳл назди ом бо вай ҷанг
Сахт мекард, пас, бале, мегашт танг.
Чун Муҳаммад Ояте мехонд ба ом,
Ин амак меншаст паси девор мудом.
Гӯш мекард гуфтаҳои ҷияни худ,
Гарчи бо вай зид мегуфт, он ануд.
Назди маъшар гарчи мекард турш рӯй,
Дар хало, мисли ҷунун меканд мӯй.

пешина
аз 175
навбатӣ