ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Ҳамшираи шафқат дар баромадгоҳи беморхона бо навбатдор вохўрда гуфт:
– Мўҳтарам лейтенанти калон, як кори хайру савоб намекунед?
Ў гуфт:
– Чӣ кори хайр будааст?
– Шумо метавонед ҳаёти як муҳоҷири тоҷикро харед.
Ў дар ҳолати ҳалокшавӣ мебошад, баъд аз чиҳилупанҷ дақиқа дер мешавад. Фаврӣ хуни дуюми мусбӣ зарур аст.
Фарҳод нав фаҳмид, ки шахси наҷотдодааш ҳамватанаш, тоҷик будааст ва бо як ҳаяҷони ногаҳонӣ гуфт:
– Хоҳарҷон, ман ҳам зодаи Тоҷикистон, тоҷик ҳастам.
Барои Ватанам, ҳамватанам, тоҷикам ҷонам лозим шавад, қурбон мекунам. Хуни ман дараҷаи дуюми мусбӣ мебошад, ба хуни муҳоҷир мувофиқ меояд.
Духтурон бо шитоб хуни Фарҳодро аз ташхис гузаронданд, дар ҳақиқат, маълум шуд, ки хунаш бо хуни муҳоҷири маҷрўҳ мувофиқ аст. Ҳалокати муҳоҷир дақиқа ба дақиқа наздик мешуд, аз ҳамин сабаб фурсати хунгирӣ набуд. Духтурон Фарҳодро дар бари маҷрўҳ хобонданд.
Ба воситаи асбоби хунқабулкунӣ рагҳои хунгарди Нормуроду Фарҳодро бо ҳам пайваст карданд. Ду дил якранг ва бо як низоми махсус метапид. Хун аз як дил ба дили дигар ҳаракат мекард. Баъди 20 дақиқа ранги пўсти чун қаҳрабо заб-зарди Нормурод сурх шудан гирифт.
Баъди як соат асбоби нафасгираки сунъиро аз манаҳи бемор гирифтанд. Ў ба ҳуш омада буд. Духтурон ба Фарҳод аз самими қалб изҳори миннатдорӣ баён карда гуфтанд:
– Фарҳод Вафоевич, хуну ранги мўю пўсти шумо ба ин муҳоҷири маҷрўҳ хеле монанд аст, магар шумо бародар нестед?
Фарҳод каме табассуми ширин карда гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё