Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Марг ки чандон чизи даҳшатнок нест, он марг барои ҳифзи Ватан бошад. Ин марги ман даҳшатноктарин марг, марге, ки барои қонеъ кардани нафси ҳаром, барои фисқу фуҷур ва хиёнат ба зану фарзандон аст.
Қотил бо тамоми қувва хост сари Нормуродро бо як зарба аз танаш ҷудо кунад ва аз хуни гарми мўҳраи гарданаш, ба расми қотилон каме нўшад, то ки чашмонаш кўр нашаванд. Дар ҳамин вақт садои тир баланд шуд ва табар аз дасти қотил афтод. Ин садои тири туфанги полис буд, ки фурсатро ғанимат дониста, банди дасти қотилро сўрох кард. Яку якбора полис қотили аз маҳбас фироркардаро дастгир карда, дар дастонаш қуфл заданд. Ду ҷасадро ба беморхонаи шаҳри Маскав оварданд. Дар натиҷаи кордонию маҳорати духтурон ҷасади дар хоку хун оғўштаи Нормурод аз ҳалокат раҳоӣ ёфт. Аммо дар наҷот додани Света духтурон оҷиз монданд. Хуни аз ҳад зиёд талафдодаю устухонҳои шикастаи Светаро барқарор карда натавонистанд.

МУФАТТИШ

Нормурод дар бемористони шаҳри Маскав чун мурда мехобид, ягон рагу паяш намеҷунбид ва нафаси сунъӣ мегирифт. Агар асбоби нафасгириро аз даҳону бинии ў мегирифтанд, ба ҳалокат мерасид. Хуни зиёде талаф дода, ранги пўсташ мурда барин заб-зард шуда буд. Аз ташхиси духтурон маълум шуд, ки хуни дараҷаи дуюми мусбӣ лозим аст. Ин хунро дарёфт кардан хеле мушкил буд ва духтурон эълон карданд, ки дар давоми як соат агар хун пайдо нашавад, маҷрўҳ ҳалок мегардад. Дар беморхона аз тарафи кормандони шўъбаи корҳои дохилии ноҳияи Орехово-Зуевои шаҳри Маскав посбон гузошта буданд.
Имрўз лейтенанти калон Раҳмонов Фарҳод Вафоевич, ки қотил Михаэлро ба нишон гирифта, Нормуродро наҷот дода буд, навбатдориро ба ўҳдаи худ дошт. Профессор И.М. Фанфилов ба ҳамшираи шафқат фармон дод, ки ҳарчи зудтар хуни дараҷаи дуюми мусбиро пайдо кунад.

пешина
аз 191
навбатӣ