Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Агар ў хун намедод, шумо ҳалок мешудед.
Дар дили Нормурод садҳо фикру хаёлҳои ваҳмангез давр мезад. Ў ҳоло пурра шифо наёфтааст, устухонҳояш месўзанд, қуввати роҳ гаштан надорад. Ба замми ҳамаи ин, пуле надорад, ки ғизо хўрад. Чӣ хел ва бо кадом маблағ чипта харида, бо қатора ба ватан бар мегардад. Ў дергоҳ дар баҳри фикру хаёл шино кард ва сарашро дар болои кат монда дарун-дарун гирист. Ашк чашмони сиёҳи калонашро пур карда, ба бари рўяш чакид ва болишти сафедро тар кард. Ў ба даргоҳи Худо менолид, худ ба худ мегуфт:
– Худоё, дар кўдакию наврасӣ чӣ гуноҳи азиме кардам, ки ба ғазабат гирифтор шудам.
Сар бардошта, аз назди тиреза оинаро гирифта, ба чашмони суп-сурхи варамидаи пур аз ашкаш нигарист.
Дар оина аксеро дид, ки ҳабдаҳ сол пеш дар мурофиаи судӣ дида буд. Ин акс шабеҳи акси чашмони падараш буд. Баъди он ки бо падар вохўрданро рад карда буд, ҳоло аз нав дар чашмонаш пайдо шудаанд. Нормурод дар акси чашмони худ акси чашми гирёну сўзони падарро медид. Акнун ў худ ба худ фикр мекард, ки наход ман оқи падар шуда бошам?! Боз худро дилбардорӣ карда мегуфт:
– Не, не, он вақт падарам маро дуои нек дода гуфта буд, ки рўзе хубу бадро мефаҳмед, баъд ба қадру қимати падар мерасед.
Нормурод худро бадбахттарин, гунаҳкортарин инсони рўйи замин меҳисобид. Дар баҳри беканори фикру андешаҳо хобаш бурд. Хоб дид, ки хўҷаини яҳудӣ, падари Света пояшро бо занҷир баста, сарозер ба чоҳи тангу торики бетаг овезон кардааст. Ҳарчанд доду фарёд мекунад, ҳеҷ кас ба додаш намерасад. Дар ҳамин вақт марди чорпаҳлўи қавибозуе пайдо мешаваду пирамарди яҳудро бо чўбдасте ба сараш мезанад ва ўро аз чоҳ кашида мебарорад. Дар ҳамин вақт садое баланд шуд ва касе ба китфи Нормурод зада гуфт:

пешина
аз 191
навбатӣ