ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
МЕРОСИ АВВАЛИНУ ОХИРИНИ МАН
Сарзамини имрўз кўчак, вале дар гузашта, паҳновару абарқудрати дорои таърихи қадим ва тамаддуни ҷаҳонигир (Давлати Сомониёни бузург), Ватан – калимаи шаҳодати падарам дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, нахустин ишқи модарам, аввалин савганди худам, охирин мероси бобоёнам ва аввалину охирин мероси ман ба наберагону аберагонам мебошад.
Даррандагоне аз тоифаи одам бозувони рустамона, тани оҳанини исфандиёронаи Ватани азизамро бо ҳама сарвату маънавиёти нестандарҷаҳони панҷҳазорсолааш пора-пора карда, ба яғмо бурдаанд.
Хуросонро аз Мовароуннаҳр, Самарқанду Бухоро, Балху Кобулро аз Хуҷанду Зарафшон, Ҳисору Раштон, Хатлону Бадахшон ҷудо кардаанд.
Қатағанзодагон (фарзандони Чингизхони кўчии саҳронишин) моли дунё, шаҳрҳову деҳоти бебаҳо ва суннати волояшро ба яғмо бурдаанд.
Дар ин бора шоири миллат Бозор Собир бо сўзу гудоз мегўяд:
Ҳарчи ў аз моли дунё дошт дод,
Хиттаи Балху Бухоро дошт дод.
Суннати волою Девон дошт дод,
Тахти Сомон дошт дод.
Душмани донишгадояш «Дониш»-и Сино гирифт,
Душмани бе суннаташ девони Мавлоно гирифт.
Душмани санъатфурўшаш санъати Беҳзод бурд,
Душмани бе хонааш дар хонаи ў ҷо гирифт.
Дод ў аз даст гурзи Рустаму Сўҳробро,
Барбарони нотавонеро тавоно кард ў.
Номи худро ҳамчу гўри Рўдакӣ аз ёд бурд,
Қотилони хешро машҳури дунё кард ў.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё