Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

– Бачам, падарат як моҳ пеш аз маргаш, дар вақти намозхонӣ сурати туро мебинад. Ў дар намоз салом дода, чандин маротиба: «Муҳаммадраҷаб писарам куҷоӣ? Кай аз ҷанг омадӣ?» – гуфта, садо мекунад. Лекин ҷавобе намешунавад. Пас нишаста дар ёди ту зор-зор менолад, мегўяд, ки писарам дар ҷанг шаҳид шудааст. Баъди ҳафт рўзи ин ҳодиса чашмонаш чун чашмони Ҳазрати Ёқуб (а) дар фироқи Юсуфи гумгашта кўр шуд.
Сол қаҳтӣ буд. Одамон аз хўрдани сабўсу кунҷора ва алафу решаҳои гиёҳҳо дар фасли баҳор варам карда мефавтиданд. Бо як азобу хорию зорӣ се нафар хоҳар, панҷ нафар бародар, модару зану духтарамро аз маҳвшавӣ наҷот додам.
Ин буд ёде аз падарам, нури ду дида, тоҷи сарам, ки дар зиндагиям, дар хондан, дар кор, баҳри ҳифзи саломатиям ва дар бемориям мададгору мушкилкушоям буданд. Пас аз маргашон ҳар мушкилие, ки ба сарам ояд, ба даргоҳи Худо муноҷот карда, барояшон дуо мекунам.
Ҳамон шаб падарамро дар хоб мебинам. Рўҳи покашон шафоъатам мекунад. Падарам инсони оқилу комил буданд, ки доимо насиҳат карда мегуфтанд:
– Борҳо яз бобоят, ҳазрати Мавлавӣ, фаҳмидаам, ки мегуфт Аллоҳ таъоло гуфтааст: «Беҳтарини одамиён он аст, ки касе аз даст ва аз пой ва аз забони ў озор наёбад ва хушбахттарини одамиён он аст, ки аз вай манфиат гиранд».
Ў 13-уми октябри соли 1915 ба дунё омада буд ва дар синни 88 солагӣ – 13 октябри соли 2003 дунёи фониро падруд гуфт. Рўҳат шоду ҷоят ҷаннат бод, эй падари ғамхору меҳрубон, раҳмдилу инсони комилам!
Кору рафтори ту дар ёдам, исми ту дар забонам, меҳри ту дар дилу ҷонам, эй падарҷони беҳтар аз ҷисму ҷонам!
Сано гўям, сано гўям Худоям, Рўҳи поки падар шуд роҳнамоям.

пешина
аз 191
навбатӣ