ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Агар он вақт ба ҷойи шоҳ ту меомадӣ, қавмҳои кўҳистон бо чӣ хушнудӣ истиқболат мекарданд. Замоне, ки алгебра (алҷабр) иншо мешуд, мо шумориданро намедонистем.
Замоне, ки достонҳои оламшумули шумо садо медоданд, мо ҳанўз калимаи «Модар»-ро навишта наметавонистем”.
Ана, ин эътирофи холисона аз мардонагию адолатпарастии адиб шаҳодат медиҳад. Падарам қиссаи ҳазрати Юсуфи пайғомбарро нақл мекарду мо бо диққат гўш мекардем ва ба бераҳмии бародарони модарҷудои ҳазрати Юсуф нафратамон меомад.
Боре аз модарам пурсидам, ки чаро бародарон, хусусан Яҳудо нисбати ҳазрати Юсуф кинаву адоват дошта, ба ў ҳасад мебурданд. Модарам гуфт:
– Ин кинаву бухлу ҳасадро дар замири қалби Яҳудо шайтони раҷим кишта буд. Онҳо, ки бародарони як тараф пайванд, яъне падарпайванд буданд, мехостанд ба мероси пайғамбарӣ, ки аз ҳазрати Иброҳиму Исҳоқ омада буд, соҳиб шаванд. Лекин хаёли бародарон хом баромад.
Тақдири азалиро касе тадбир натвон кард. Агарчи пинҳонӣ аз падару бародари ҳамхунаш, Бинёмин, Юсуфро ба чоҳи тангу торики зулмот афканданд, Худованд бо қудраташ чоҳро посбони Юсуф гардонид.
Ин ҳама ҳасудию нафрати бародарон аз баҳри соҳибӣ кардани мерос буд.
Аз ин гуфтаҳои модарам дар баҳри хаёлоти рангин фурў мерафтам. Охир, дар даврони Иттиҳоди Шўравӣ Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳам як ҷузъи 15 ҷумҳурии бародар буд. Ин 15 ҷумҳурӣ бо ҳамдигар яке решапайванд, дигаре баргпайванд ва сеюмин бегонаи бародархонд буданд. Бародари аз ҳама хурди онҳо Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Бародарони ҳамхуну ҳамфарҳанг, ҳамтамаддуну ҳаммазҳаби Тоҷикистони азиз, яъне Эрону Афғонистон чун Бинёмин аз он сўйи Амударё монданду аз ҳолу аҳволи бародарашон Юсуф, яъне Тоҷикистон хабаре надоштанд. Сиёсат бо амри тақдиру ҷабру ҷафои таърих бародарони ҳамхуну ҳамзабон ва ҳаммазҳабро аз ҳам ҷудо карда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё