Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Бародари бузург Ловӣ, яъне Федератсияи Русия, Тоҷикистонро каме ҳам бошад, аз хашму ҳасади Яҳудоҳо, яъне ҷумҳуриҳои бародари ҳамсоя, ки бо кўмаки Русия дар вақти тақсими мерос бойигариҳои маънавии Тоҷикистон дар ҳудуди он «бародарон» монда буданд, ҳимоя мекард.
Баъди пошхўрии Иттиҳоди абарқудрати паҳновари Шўравӣ ва ба даст овардани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон «бародарон» ба фикру андеша рафтанд. Онҳо метарсиданд, ки мабодо Тоҷикистон чун Мисри Юсуфи Канъон тараққӣ кунаду эшон талаби мероси аз даст рафтаи ниёгон кунанд. Чӣ бояд кард? Низоъ бояд андохт!
«Бародарон»-и хориҷию ҷоҳилони нодону гумроҳи дохилӣ ҷанги шаҳрвандии бародаркушро ба Тоҷикистон таҳмил доданд. Дар урфият мегўянд: «Душмани доно – беҳ аз дўсти нодон», зеро ки дўсти нодони гўлу гумроҳ коре бо дасти душман дар дохил мекунад, душман онро аз хориҷ карда наметавонад. Диданд, ки хиради азалии панҷҳазорсолаи ин миллату сарвари дурандеши онро шикаста наметавонанд, роҳҳои дигари муборизаро тарҳрезӣ карда, ба нақша дароварданд. Роҳҳоро бастану шикастану рехтани қатораҳо ва дар сарҳадот гузоштани минаҳоро кор карда баромаданд. Лекин бо ин роҳ ҳам иродаи қавии сарвари мамлакату миллатро шикаста наметавонанд, зеро ки мо миллати қадимаю бофарҳангем. «Касе, ки ғамхори миллат нест, наметавонад ғамхори ҳама ҷаҳон бошад!”. – мегуфт падарам. “Оё миллат ғами касеро бихўрад, ки вай ғами миллатро намехўрад? Мурғу ғозу калламушҳо, ба фикрам, миллат надоранд, лекин одамон бояд миллат дошта бошанд!”. – мегуфт модарам (аз Р. Ғамзатов).
Дар як Ҷумҳурии Доғистони кўчак, ки зиёда аз 30 халқияту миллат ва забон вуҷуд доранд, ваҳдату ягонагӣ мардумро бо ҳам қарин сохтааст. Ин ваҳдату ягонагӣ буд, ки Имом, қаҳрамони мусулмонони Қафқоз, Имом Шомил 25 сол баҳри ҳимояи ватану миллат, дину мазҳабаш бар зидди Русияи калону паҳновари абарқудрат ҷангид.

пешина
аз 191
навбатӣ