ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Имом Шомил ноумед нашуда, охири умр дар ёди ватану миллати азизаш, баъди зиёрати хонаи Худов дар биёбони ташналаби Арабистон ҷонро ба ҷонофарин – «Аллоҳ, Аллоҳ, ё Ватан ё миллат, ё фатҳу зафари Доғистон» - гўён супорид.
Чунин аст ватандорию миллатдўстӣ!
ЁДИ МОДАР
Нависандаи бузурги ватанпарасти Доғистон Расул Ғамзатов падару модарашро ёдоварӣ карда мегўяд:
«Падару модар – оташу об.
– Бо оташ бозӣ накун, – мегуфт падарам.
– Ба об санг напарто, – мегуфт модарам».
Ҳар кас модари худро ҳар хел ёд мекунад. Ман чун Расул Ғамзатов модарамро ҳам субҳ, ҳам чоштгоҳ, ҳам бегоҳӣ дар сари дастархон, ҳам дар вақти намози хуфтан ва дигар ибодатҳои панҷгона ёд мекунам ва дар ҳаққаш дуо карда, ўро шафеи афви гуноҳонам, чун ҳазрати Пайғамбари гиромиямон (с) дар назди Офаридгори ҳарду ҷаҳон медонам.
Модарам пеш аз дамидани субҳи содиқ обро дар офтоба ҳамчун як чизи азизу муқаддас бо эҳтиёт оварда, вузў мекард.
Охир, Худованд қолаби Одам (а)-ро аз чор унсур: обу хок, оташу бод офарид. Бе ин чор унсури муқаддас ҳаёт дар рўйи замин вуҷуд нахоҳад дошт.
Модарам дергоҳ ба даргоҳи Офаридгор муноҷот карда дуо мегуфт. Мани хурдакак аз таги кўрпаи гарм ба муноҷоту дуоҳои ў гўш медодам. Ў анбиёву авлиёҳоро шафеъ оварда, аз даргоҳи бениёзи Холиқи Арзу Само талаб карда мегуфт:
– Бор Худоё, аввало Ватани азизамонро аз чашми бади ҳасудону иғвои душманони дохилию хориҷӣ дар амон нигоҳ дор!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё