Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ШАБИ ЧИЛУЯКУМ

Баъд аз адои намози шом мардум аз масҷид ба тарафи аловхона рафтанӣ буданд, ки ҷавоне аз болои боми хонааш дод зада гуфт:
– Дар болои бомҳои деҳаи Миршикорон алов фурўзон аст!
Ҳамза фармон дод: «Ҷавонмардон, ба ғазо тайёр шавед!». Чиҳил нафар ҷавонмарди саричашмагӣ савори аспони хуталонӣ тайёр шуданд. Даҳ нафар бародарону фарзандони савори асп ва мусаллаҳ аз дунболи бобои Ҳамза ба пеш мерафтанд. Дар давоми сӣ дақиқа ҷавонмардони мусаллаҳ ва пирону ҷавонон, ҳатто занону кўдакони деҳоти атроф бо белу каланд, шохӣ, асою тешаю табар атрофи деҳаи Миршикоронро печонда, ба муҳосира гирифтанд.
Дар шаби моҳтобӣ ҷанги тан ба тан бо аду – дуздону ғоратгарони аҷнабӣ сар шуд. Кӣ киро мезад, дар нимторикӣ маълум набуд. Ҷанг ду соат давом кард. Аз байни ғоратгарон, ки 40 нафар буданд, 5 нафарашон фирор карданд, 35 нафари дигар захм хўрда, асир афтоданд. Дар қатори асирафтодагон Бўрӣ-Қатағани қарлуқ низ буд. Ў бо бозувони бастаю захмҳои аз белу каланди занону кўдакон нишонамонда ба тарафи Ҳамза нигариста гуфт:
– Ҳа, Ҳамза-полвон! Агар ту сари роҳамро намегирифтӣ, то ба Кўлобу Балҷувон ва ҳатто то ба Ҳисору Бухоро ҳуҷум мекардам! Ҳамаатонро асир гирифта, ба ғуломӣ мебурдам!
Ҳамзаи диловар нимтабассуме карда мегўяд:
– Эй рўбоҳи мурғдузди маккор! Мапиндор, ки авлодони Озодагон, фарзандони Рустами дастону Исфандиёри оҳанинтан мурдаанд. Онҳо ҳоло ҳам, баъд аз ҳазорсолаҳо зиндаанд ва то дунёву одам ҳаст, худро аз тухми Соми Наримон, Золу Рустами дастон медонанд ва ба душмани миллату ватан қирон меоваранд!

пешина
аз 191
навбатӣ