Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Намегузоранд, ки пойи нопоки шумо барин дуздону карақчиҳо ба хоки поки Ватан расад!
Дар рўшноии моҳтоб он чор зани ҷигарсўхта, яъне духтаргумкарда Бўрӣ-Қатағанро шинохтанд ва ба ў дарафтоданд. Бо дасту нохун рўйи ғоратгарро мехарошиданд ва риши кўсаи тор-тори ўро як ба як мечиданд. Ҳамза фармон дод, ки занҳоро аз ў дур кунанд.
34 нафар ғоратгари асирафтодаро ҳафт шабонарўз нигоҳ доштанд ва як нафар ғоратгари чусту чолокро барои баргардонидани молу амвол, чорпоёну чор нафар духтари дуздидашуда бо мактубе аз номи Бўрӣ-Қатаған ба Манголхони афғон фиристода буданд.
Номаи дигаре, ки аз номи Ҳамза-паҳлавон навишта шуда буд, бо чунин сатрҳо оғоз мегардид:
«Эй Манголи дузди ғоратгар! Огоҳ бош, ки 34 нафар ғуломони дуздат дар банди асирии мо қарор доранд ва маълум гардид, ки яке аз онҳо фарзанди ту мебошад.
Агар он ҳама молу амволу чорпоёнро ҳамроҳи чор духтари бокира соқу саломат бар нагардонӣ, ҳамин 34 нафарро қатл мекунем ва бо қувваи калони рустамона ба мақомгоҳи шумо дуздон, ҳуҷум карда, ҳамаатонро аз дами теғ мегузаронем! Агар шарти моро иҷро кунед, ҳамаи асиронро озод мекунем!»
Чуноне ки Ҳазрати Фирдавсӣ мегўяд:

Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,
Ҷавонони шоистаи корзор.
Зи баҳри бару буми фарзанди хеш,
Зану кўдаку хурду пайванди хеш.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Чунин гуфт мўъбад, ки «мурдан ба ном,
Беҳ аз зинда душман бар ў шодком».
Нигар, то натарсӣ ту аз маргу чиз,
Ки кас бе замона намурдааст низ.

пешина
аз 191
навбатӣ