ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
– Ассалому алайкум, эй мусофирони кўлобӣ! Ягон барзагови сиёҳро дар ин тарафҳо надидаед?
Алӣ тез меҳмонро ба сари дастархон даъват кард.
Дастони меҳмонро шустанду дар як табақи калони аз чўби чормағз тарошидашуда гўштбирён оварданд. Аз сабабе, ки соҳиби барзагов дар ҷустуҷўйи барзаговаш гуруснаю хаста буд, бо шитоб гўшти гарми буғаш баромадаистодаро хўрда:
– Бай-бай, чи хел гўшти болаззат! Ин гўшти чӣ бошад?
Алӣ ба тарафи додарзодааш Ҳомид чашмак зада гуфт:
– Ош шавад, хўрдан гиред, ин ризқу рўзии шумо будааст. Дар мо, мардуми Кўлоб, мегўянд: «Ангура хўру боғаша напурс». Ин гўшти қутос аст.
Ақли соҳиби барзагов намегирифт, ки ин мақолро барои чи гуфт ва қутос дар ин наздикиҳо парвариш карда намешавад. Гўшти онро аз куҷо пайдо карда бошанд?
Дар ҳамин вақт Ҳамид чӣ хабари нохуше шунида, дарро кушода, бо забони ўзбекӣ ба Алӣ рўй оварда гуфт:
– Ако, молдинги эгасӣ шукиши.
Укалари судинг бетига чуқибтӣ:
– Чуб билан, судиинг остага чугтниг!
Тарҷума: – Ако, шушҳои барзагов болои об баромадааст.
Алӣ гуфт:
– Бо халачўб ба зери об дохил кун!
Аз ин гуфтугўй меҳмон чизеро пайхас накард ва ин гуфтугўй бо забони ғайр дар майнааш нақш баст. Бегоҳ баъд аз адои намози шом дар аловхонаи масҷиди деҳаи Лошхарф мардум ҷамъ омаданд. Ногаҳон соҳиби барзагов гуфт:
– Ҳамин нисфирўзӣ ба деҳаи кўлобиёни муҳоҷир рафтам. Онҳо бисёр одамони дастархондору меҳмондўст будаанд. Маро бисёр меҳмондории хуб карданд ва бо забони бегона, ана, ин суханонро гуфтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё