ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Ман чизе нафаҳмидам.
Ў он гуфтугузорро чаппаю роста гуфта дод. Ҷавоне, ки забони ўзбекиро медонист, қоҳ-қоҳ зада хандид. Ҳама ҳайрон шуданд, ки ин ҷавон чаро ин қадар бо завқ механдад. Ҷавон дар охир гуфт:
– Эй нодон, ҳамон гўштбирёни хўрдаат аз гўшти барзагови худат будааст! Шушҳояшро дар ҳавзи мобайни деҳа партофтаанд. Хоҳӣ, рафта бо чашмони худат бин, баъд боварӣ ҳосил мекунӣ.
Ин мард бо хешу ақрабояш ба ғазаб омада, савганд ёд мекунанд, ки саҳар рафта, муҳоҷиронро лату кўб карда, молу амволашонро гирифта, ба гарав мемонанд. Дар ҳамин вақт дари масҷид кушода мешаваду Ҳомиду Ҳамид ва Алӣ салом дода, вориди масҷид мешаванд. Алӣ узр хоста мегўяд:
– Бародарон, гуноҳ аз тарафи мо сар задааст. Шумо чӣ шарте гузоред, мо иҷро мекунем. Ҳоло бар ивази барзагови шумо мо як модагови фарбеҳи сершири бо гўсола овардем, ки дар ҷусса ба барзагови шумо баробар аст. Сонӣ, барои хизмати барзагов 16 пуд гандум низ овардем. Қабул кунед, агар кам бошад, талаб кунед, боз гандум меорем.
Муллои деҳаю соҳиби барзагов, ҳангоме ки гову гўсола ва ғалларо диданд, розӣ шуда, гуноҳи мусофиронро бахшиданд. Ҳамин тавр, кўлобиҳо дар водии Ҳисор муқимӣ шуда монданд.
АВЛОДИ ҲАМЗА
Аз Ҳомиду Ҳамид тифлони зиёде ба олами ҳастӣ омаданд, ки як деҳаи калони Дараи Ҳамзаро ташкил карданд. Мутаассифона, дар бораи фарзандони Алию Ҳомид маълумоти пуррае дар даст надорем.
Авлодони Ҳамидро бо тарзи зер нақшбандӣ мекунем:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё