Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ибтидо фикр кардам, ки шояд то ба ин хона омадани ман модаршўям аз набераҳояш муроқибат мекард, аммо ин тавр набудаст. Ин тасмим, ки ман аз хоҳарзодаҳои ҳамсарам муроқибат кунам, қабл аз издивоҷи мо гирифта шуд.
Хушдоманам сайру сулукро дўст медошт, бо ҳамсояҳо гаштак ташкил мекард, хонаи хешу табор мерафт, меҳмон даъват мекард, пухутупаз ва муроқибат аз меҳмонон, аз масъулиятҳои ман буд, ў даст ба оби сард намезад.
Ман ҳатто ҳақ надоштам то хонаи волидонам биравам. Ҳар бор мегуфт мегуфт, «аз шавҳарат иҷозат бигир».
Дурўғ мегуфт, дардаш чизи дигар буд: ман набошам, на ғизо буд, на либоси тоза, на ҳуҷраҳои тамиз ва на он ду бачаи мураттаб. Охири ҳафта аз ошпазхона берун намешудам, модаршўям бо духтарҳояш рўйи айвон истироҳат мекард ва пушти сари ҳам ғизо фармоиш медод. Бо духтарҳояш мегуфту механдид, ҳатто ба ёд намеовард, ки ман ҳам модар дорам, моҳҳо боз ўро надидаам ва дилам барояш гум мезанад. Дар таъоруф ё каломи муҳаббатомез бисёр хасис буданд, дар ивази хидматам ҳаргиз калимаи «ташаккур»-ро нашунидам, гўё як ҳарфи хуш ба арўси хонадон эътибори онҳо коста мекард, гўё каниз оварда буданд, на арўс. Ман ин ҳамаро танҳо ба хотири ишқи беандоза ба ҳамасарам таҳаммул мекардам.
Вақте хушдоманам хабари бордориамро шунид, ҳаяҷонзада нашуд, зиёд хушаш наомад, нимшўхиву нимҷиддӣ гуфт:
«Қадимҳо арўсҳо бо шарму бо ҳаё буданд, солҳо мекашид то бордор шаванд, шиками арўсҳои ин солу замон аз таги чодар пур аз каллаву поча мешавад!»
Ивазаш, ҳамсарам аз бордориам хушҳол шуд, мо акнун соатҳо бо ҳам суҳбат мекардем, барои бачаамон исм меҷўстем, барномаи зиндагии ояндаро мекашидем.

пешина
аз 313
навбатӣ