Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Вуҷудам аз хушбахтӣ лабрез мешуд.
Моҳи панҷуми бордориам ў барои як моҳ ба хона баргашт, он моҳ беҳтарин моҳи зиндагиам буд. Меҳрубонии аз ҳад беши ҳамсарам ба модараш нафорид. Ҳамсарам намегузошт бори сангин бардорам ва мисли қабл соатҳоро дар ошхона сипарӣ кунам. Хоҳарҳояш низ камтар ба хона сар мезаданд ва бачаҳои худро ба кўдакистон супурданд.
Ў рафту ҳама чиз ба ҳолати аввала баргашт. Ҳеҷ гоҳ аз хонаводааш пеши ҳамсарам шикоят накардам, ҳатто дар моҳи охири бордориам, вақте дасту поям аз корҳои сангин варам мекард.
Волидонам ба диданам омаданд ва аз модаршўям хостанд, ки маро то таваллуди кўдак ба хонаамон бифиристад, ў розӣ нашуд, гуфт:
«Писарам иҷоза намедиҳад».
Модарам барои ман ғам мехўрд, аммо инро нишон намедод, ҳатман дар хилват гиря мекард, ман ўро мешиносам.
Аввали баҳор духтаракам ба дунё омад, исмашро гузоштем Баҳор, ширину дўстрўй буд ва мисли баҳор сабзу умедбахш. Ҷойи холии падарашро пур мекард, зиндагиам таровати дигар гирифт. Кори хона ҳам дигар бароям сангинӣ намекард, танҳо аз ин нороҳат будам, ки бачаам соатҳо бо дасту пойи баста дар гаҳвора мехобид. Вақте дасту пояшро боз мекардам, мисли зиндонии аз маҳбас раҳошуда ба озодии худ бовар намекард, баъд ором-ором пойҳои шахшудаашро ба ҳаракат медаровард, хушҳолӣ мешуд, мехост мудом дар бағалам бошад.
Ним сол ба ҳамин минвол гузашт, то ки рўзе аз хонаи падарам тамос гирифтанд ва гуфтанд, ки модарам сакта кардаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё