Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳаяҷонзада ба назар меомад, худкорро байни ангуштонаш мечархонд, дугмаашро пахш мекарду тик-тик садо дармедод. Бо чашмони рез ба ман нигоҳ мекард, аммо возеҳ буд, ки маро намебинад, афкораш дар ҷойи дигар буд.
Саранҷом қаламро ба истакони рўйи миз андохт ва лаб ба гуфтор боз кард:
– Хушҳолам, ки саломатиат сареътар аз интизороти ман барқарор шуд..ҳм... аз натиҷаи ҷарроҳиат чӣ медонӣ?
– Чизе намедонам, беҳуш будам, фақат медонам, ки дар шикамам бачае буд, вақте ба ҳуш омадам, ҷояшро холӣ дидам...
– Ҳммм...намехоҳам ҳошия биравам, ҳама чизро ҳамон тавр ки ҳаст ба ту мегўям, аммо набояд битарсӣ, ту як духтари ҷасуру солим ҳастӣ, ҳазорҳо нафар бо ин мушкилот зиндагӣ мекунанд ва ҳатто хушбахт мешаванд.
Интизори ин ҳарфҳо набудам, ҳайрону нигарон шудам.
– Мушкили ман чӣ аст?
– Мушкилат духтарам ин аст, ки дар ту ҷарроҳии гистерэктомия анҷом шудааст.
– Гис-терэк-томия?
– Яъне, ҷарроҳ раҳмро аз шикамат берун овардаст...
Мисли як одами ҳарфнафаҳм ба ў хира шудам
– Раҳм... ҳамон узвест, ки бача дар он нуҳ моҳу нуҳ рўз месабзаду зиндагӣ мекунад.
Пизишк гулў соф кард.
– Яъне... агар зан бачадон надошта бошад, наметавонад бордор шавад...
Ман он замон гиҷу гўл будам, аз таъсири таҷовуз, бордории нобаҳангому нохушоянд, аз танҳоиву бекасӣ, аз ҳафт моҳи пур аз фишору тарсу ҳарос... Ин буд, ки ҳарфи пизишк дар гўшам чандон ваҳмнок садо надод.

пешина
аз 313
навбатӣ