Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Муддате гузашт то нафасҳояш амиқу якнавохт шуданд, оҳиста ба сўйи дар хазидам, аммо ҳанўз дастам ба дастгира нарасида буд, ки мисли гурбаи ваҳшӣ ба сарам париду аз мўям кашид ва ба ҳамон гўша тела дод.
«Гуфтам инҷо бишин, фардо идома медиҳем!»
Се шабу се рўз маро дар он утоқ ҳабс кард, гоҳо хобаш мебурд ва чашмони ман ҳам аз хастагӣ пўшида мешуд, аммо намегузошт бихобам, бедор мешуду истинтоқро бо бадтарин шева идома медод. Аз қазо касе ба дари хонаи мо ангушт намезад, ингор намехостанд хилвати арўсу домодро халалдор кунанд. Синии ғизоро пушти дар мегузоштанду нопадид мешуданд. Агар аз шиканҷаҳои он шабу рўзҳо бигўям, шояд бовар накунед, эҳтимол мегўед дорам иғроқ мекунам. Худо шоҳид аст ва ин тани пур аз доғи уту ва ҷароҳати анбур.
Бо ин ҳол субҳи сеюм саранҷом касе ангушт ба дар зад ва ман, ки то ин дам даст аз ҷонам шуста будам, бо умед гўш ба он садо додам. Модаршўям буд, оҳиста гуфт:
«Арўс, берун намебароӣ, дўстони ман ба диданат омаданд».
Аз ҷой бархосту дарро нимабоз кард, аввал баҳона пеш овард, ки арўс нохуш аст, вале модараш пофишорӣ кард, ки ман ба назди ҳамкоронаш бароям. Суратамро бо азобе шустам, сару рўям варам карда буд, ҳар кафи об ҷонамро ба дард меовард, хуни хушкида ба сахтӣ аз димоғам берун мешуд.
Худаш бароям пероҳан интихоб кард ва чодари гулдўзии захимро ба сарам андохт, то варами суратам намоён нашаванд. Фикри фирор дар зеҳнам чарх мезад, шояд ин ягона фурсате буд барои раҳоӣ аз ин ҷаҳаннам, вале он лаънатӣ бозўямро раҳо намекард ва бо садои омирона ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё