Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ва мўйҳои парешонашро ва кафки гўшаи лабонашро, аз тарс ба девор ҷафс шудам, бо овози хиррие, ки ҳатто дар гўши худам бегона садо дод, гуфтам:
«Мехоҳам ба хонаамон баргардам».
«Хаёл кардӣ ба ҳамин роҳатӣ аз ман халос мешавӣ?
Агар то ҳол бо лагад аз дар берунат наандохтам ва мардумро ба тамошоят даъват накардам, танҳо ба хотири обрўйи худам аст. Ҳар тиккае аз бадани ту барои ин фиреб ҷавоб хоҳад дод, балое ба сарат биёрам, ки ҳар лаҳза орзуи мурдан бикунӣ!»
«Ман бесоҳиб нестам...»
«Соҳибат кӣ аст? Ҳамоне, ки духтариатро гирифт?»
– инро гуфту муште ба шонаам зад, аз дард фарёд задам, хаёлам ба замин фурў рафтам.
Касе фарёдамро нашунид, дар ин маҳалла ё ҳама хоб буданд ё кар.
Азбас ҳар як эътироз маро дар маърази таҳдиду хатар мегузошт, хомўш шудам. Сукутамро аломати тасдиқи гуноҳ донист ва маро ба замин хобонду ду даст дар гулўям гузошт ва бо тамоми нерў фишор дод:
«Бигў, бо чанд мард ҳамхоба будӣ!?» – ангуштонашро суст мекарду фурсат медод то нафас бигирам ва боз дубора маро хафа мекард. Он қадар гулўямро фишурд, ки аз ҳуш рафтам. Ба сарам оби сард рехт, тадриҷан ба ҳуш омадам, аммо намедонистам дар куҷоям. Бо лагад маро ба гўшаи утоқ тела дод.
«Ҳамин ҷо бихоб, фардо идома медиҳем!»
Ў рўйи тахти бе рўпўш дастҳояшро ба ду тараф ёзонду ба шакли салиб дароз кашид. Интизор будам хобаш бубарад, то аз ин утоқ фирор кунам, бар ҳеҷ чиз ҷуз ба гурез аз ин макон намеандешидам, ҳатто ба доғи нанге, ки рўйи хонаводаам мегузоштам. Фаҳмидам, ки агар нагурезам, ин марди девонахў маро зинда раҳо намекунад.

пешина
аз 313
навбатӣ