Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сипас ба забони русӣ ба Асал гуфт:
«Ася, ты заметила наши пациенты все больше и больше молодеют. Черт бы подрал этих мракобесов!»
Саранҷом гуфт, ки ҷароҳатҳои ман сатҳӣ ҳастанд ва ба эҳтимоли зиёд андомҳои дохилиям осеб надиданд. Ў ҳатто аз шуҷоат ва аъсоби қавии ман ситоиш кард, ки тавонистам аз он бўҳрони ваҳшатнок бе осеб раҳо ёбам.
Вақте аз паллаҳо ба сўйи ҳуҷраи шумо баланд мешудам, ба андозаи дирўз бадбахт набудам. Аз шаби арўсӣ дар баданам осори латту кўб ва пайи лабҳои анбур боқӣ монд, аммо ба худ гуфтам: «Аблаҳ бошам, агар бигзорам ин лаккаҳо зиндагиамро доғдор ва маро уқдаӣ кунанд!
Агар аз он зиндон ва аз он марди девонахў ҷони солим бадар овардам, пас мушкилоти дигар низ қобили ҳал аст!»
Он замон ҳеҷ чиз ба ондозаи пирошкии рўйи миз ва пиёлаи чойи ширин бароям муҳиму дилписанд набуд».
Сарвиноз баланд хандид, мо ҳам бо ў ҳамовоз шудем, ҳатто Суман бо овоз хандид. Аввалин бор хандидем! Ҳолаи дилнишине дошт он духтарак, аз ў гармое меомад монанди насими баҳорӣ ва рўҳи яхкардаи моро об мекард.

Номаи ифшогари Моҳистон

Мошини омбуланс нимаи рўз ба тарафи тангкўчаи канори шаҳр чархид ва чангу хоки замини беобро ба осмон бардошту дар назди хонаи Моҳистон мутаваққиф шуд.
Садои ожир мардуми маҳалларо, ки аз гармои шадид ба ҳуҷраҳои салқин паноҳ мебурданд, ба кўча баровард.
Онҳо бо ишораи чашму даст аз якдигар мепурсиданд, ки «боз чӣ иттифоқ афтодааст?»

пешина
аз 313
навбатӣ