Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
– замзама мекард Суман ва кўдак бо забони мурғакон ба ў посух медод.
– Бигу, ҳарф бизан, модаратро сарзаниш кун, ин зани бехирадро, ки чи тавр тавонист туи кучулўро раҳо кунад? Қурбони ҳарфҳои ширинат, булбули модар, малҳами захмҳои ман!
Духтаракаш мисли арўсаки фарангӣ чашмони обӣ дошту мўйҳои ҷингилаи қаҳваӣ ва пўсти чун шир сафед.
Дили кўчакаш барои модараш танг шуда буд, рўйи по баланд мешуду лаб ба чонаи модар мезад. Вуҷудамро эҳсоси ширине фаро гирифт. Духтари Суман ба ин макони оҳҳои сард, ки бошандагонаш нолишҳои якдигарро аз пушти девор мешунаванд, гармиву сафо овард. Нигору Сарвиноз ҳам аз хоб бедор шуданд, мо ҳар се шабеҳи мусофирони раҳгумзадаи як дашти пур аз барф, ки ногаҳон аз дур чароғеро дидаанд, ба сўйи бачаи Суман хазидем. Ў арўсаки кучулўро бо навбат ба ману Нигору Сарвиноз дод.
Кўдакро мегирифтему аз ў дур мешудем, то дар танҳоӣ аз ҳузураш лаззат бубарем. Пўсти духтари Суман мисли махмал нарм буд, аз он бўйи шир меомад. Ўро сахт бағал кардам, ногоҳ ба самти синаам чархид ва даҳон боз карду пистон ҷуст. Такон хўрдам, ончунон эҳсоси яъсу ноумедӣ вуҷудамро фаро гирифт, ки ингор бачадонамро ҳамин лаҳза аз шикамам берун оварда буданд. Барои аввалин бор ба бачаи худам фикр кардам, ба худ гуфтам:
«Агар зода мешуд, шаш моҳ баъд ба синни духтари Суман мерасид». Бо лабханди хиҷолатомез бачаро ба модараш баргардондам. Касе мутаваҷҷеҳи ҳоли ман нашуд, ҳама гирди кўдак парвона буданд. Танҳо Суман машкук ба ман нигоҳ кард, аммо нигоҳҳоямон ба ҳам бархўрд ва ў босуръат аз ман рўй гардонд.
Суман иваз шуда буд, ҷаззобу зебо буд, монанди духтарҳои дами бахт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё