Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Боре аз панҷара ба берун нигоҳ мекард, нигаҳбонро дид, ки монанди як низомии подгон қадам мезад. Пизишк бо таассуф сар такон дод.
– Ҳеҷ наметавонад аз одатҳои ҳирфаияш раҳо шавад.
Бечора умрашро дар артиш гузаронд, зиндагиаш онҷо риволи мушаххас дошт, аз аскар то афсар ба ў итоат мекарданд... Бознишаста шуду ин ҳамаро аз даст дод, худашро ҳам гум кард. Дилам ба ҳолаш месўзад, боре гуфт: «Духтур, ман тамоми умр либоси низомӣ пўшидам, бознишаста шудаму фаҳмидам, ки ҳатто як пероҳан надорам!» Артиш маънои зиндагиаш буд, ҳоло дар муҳити мутафовит ба мушкилоти отифӣ рў ба рў аст, гоҳо бо қадамзаниҳо дар саҳни ҳамин ҳавлӣ хотири худро хуш мекунад, монанди як масхарабози пир, ки ҳар ғурўб бо ёди саҳна ва рўзгори гузашта дар чеҳраи ғамгинаш ниқоби хушҳолӣ мекашад.
– Хонавода надорад?
– Чаро, дорад, аммо онҳо бо одатҳои ў басахтӣ канор меоянд. Ин мард ба ҷуз забони фармон забони дигареро балад нест ва тааҷҷуб мекунад, ки чаро касе баробари аз дар ворид шуданаш аз ҷой баланд намешаваду «салут» намедиҳад. Чашмонаш аз рўйи одат субҳи зуд боз мешаванд, аз рўйи одат дар чанд сония либос мепўшад, ба берун мешитобад, то бигўяд «рота становись!», аммо рўйи ҳавлӣ ба ҷуз як хурўси бехоб ва як гурбаи бесоҳиб, ки ноаён дар хонаи ў маскун шудааст, дигар касеро намебинад. Ҳама дар хобанд, касеро парвои даробарои ў нест. Дар он хона ҳарфи ў ҳатто ба пайтобаи пояш намегузарад, чи барасад ба зану бачаҳояш, ки даҳсолаҳо ба зиндагии бидуни ў одат карданд. Худо ба ҳолаш раҳм карду ин ҷойи корро ёфт, вагарна аз афсурдагӣ мемурд.
Пизишк ба нудрат дар дохили дафтараш сигор мекашид,

пешина
аз 313
навбатӣ