Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

қиссаи нигаҳбонро гуфту нахеро аз ҷаъбаи сигор берун овард ва хаёлмандона гуфт:
– Инсонҳо маъмулан дардҳояшонро пушти ниқоби шодмонӣ пинҳон мекунанд, то дар назари дигарон бобарору хушшонс ҷилвагар шаванд. Ҳо он аксро мебинӣ? – пизишк тоблўи рўйи бинои баландошёнаро нишон дод.
Духтари хушандоме бо лабханд ва зоҳири ошиқона телефонҳои ҷадидро таблиғ мекард, – мо намедонем пушти он хандаи ҷаззоб чӣ воқеияте нуҳуфтааст, шояд ин тоблу ягона ҷоест, ки ў метавонад хушҳол бошад... Шояд барои ин лабханди дар мазҳари ом чанд рўз шаллоқ хўрдааст...
– Асалро мешиносӣ... ҳамин зани монанди найшакар лоғару латифро... Ҳар кас ўро бубинад, мегўяд: «чи зани муваффақе!», аммо ҳеҷ кас намедонад, ки панҷ сол пеш чандин моҳро бо дасту по ва бинии шикаста дар бемористон сипарӣ кард. Бачаи шикамашро аз даст дод, ҳама таҳқирҳоеро, ки як зан метавонист дар як издивоҷи номуваффақ таҷруба кунад, аз сар гузаронд... Аммо тавре мебинӣ нашикаст, ин созмонро барои занҳои мисли худаш бунёд кард, ба дари чандин идораи худиву бегона ангушт зад, то садояш шунида шавад…
– Санам, дарди одам мисли дасти шикаста аст ва бори онро ба ҷуз гардани худи одам, касе намебардорад.
Ҳаргиз иҷоза надеҳ, ки бадбахтӣ бар ту ҳоким шавад, зиндагӣ ҳадяи шигифтангези Худованд аст, нагзор, ки бо худхурӣ сипарӣ шавад, мефаҳмӣ чӣ мегўям?»
Гуфтам:
– Оре, мефаҳмам. Аммо он замон ҳиссаи каме аз ҳарфҳои ўро дарк мекардам, замон бурд то ба фалсафаи пизишки меҳрубон сарфаҳм биравам.

пешина
аз 313
навбатӣ