Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ту духтар бо як реза ҷонат ин ҳама хаёлпардозиро аз куҷо омўхтаӣ? – Нигор баъди ҳар «нағма»-и Сарвиноз лабонашро найча мекарду механдид, то захмҳояш дубора хуншор нашаванд.
Сарвиноз воқеан саропо истеъдод буд, як рўъёпардози фавқулодда, қиссагўйи масҳуркунанда, ганҷе дар вайрона. Мо ду ҳафта бо ҳам зиндагӣ кардем, он ду ҳафта бо ҳолаи дилпазири ў мисли ду рўз гузашт. Дар ҳайрат будем, ки ин духтарак бо он зиндагии фақирона ва волидони миёнҳол, ин ҳунару ҳушмандиро аз кӣ ба мерос бурдааст ва бо он таҷрибаи талхи издивоҷ ин ҳама энержии мусбатро аз куҷо мегирад!
Дар бораи бошандагони марказ достон месохт, ҳатто барои раҳгузарҳои хиёбон, он қадр ҳунармандона, ки мо ингор зиндагии онҳоро дар пардаи синамо медидем.
– Ҳо ун марди гўшаи боғро мебинед? Зану бача дорад, аммо ўро ҳавои ишқбозӣ ба сар омадаст, ба зане паёмак мезанад, пушти ҳам, бо асабоният.
– Ту аз куҷо медонӣ? Мумкин бо ҳамсараш суҳбат мекунад?» – эътироз мекард Нигор.
– Бо ҳамсараш? Дар гўшаи хилвати боғ? Бахшиш, ки инро бар рўяатон мекашам, аммо шумо аз илми «дедуксия» хабар надоред. Таваҷҷуҳ кунед, барои чаҳорумин бор дар имтидоди ин қитъаи кўчаки роҳ мераваду бармегардад, пешонаи хисашро бо пушти даст пок мекунад, эҳтимол ёдаш рафтааст, ки дар ҷайби болопўшаш дастмол дорад, ҳаракатҳояш бехудонаанд, тасаллуте бар рафтори худ надорад. Чӣ замоне инсонҳо назарот бар аъмоли худро аз даст медиҳанд? Оре, замоне, ки манофеъашон зери зарба меояд, – дар ин лаҳза он мард аз ҷайб дастмолеро берун оварду арақи сару рўяшро пок кард, мо бо ҳайрат ба якдигар нигоҳ кардем.

пешина
аз 313
навбатӣ