Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Чӣ мехонӣ? – пурсид ў дар ҳоле, ки пушт ба ман пўшокҳояшро дар чўби либос меовехт. Ҳайкалаш фавқулодда зебо буд, камари борик дошт ва пойҳои баланду ҳамвор.
– Нагуфти чӣ мехонӣ.
– Китоб…
– Ҳмм... медонам китоб аст, унвони китоб чӣ аст?
Номи китоб ёдам набуд, ба ҷилдаш нигоҳ кардам.
– Анна Каренина.
– Анна Каренина? Интихоби олӣ.
– …
– То ҳол кадом китобҳоро мутолеа кардаӣ?
Албатта, дар доираи барномаи мактабӣ китобҳои бадеӣ хонда будам, аммо дастпоча шудам ва натавонистам якеро ҳам ба ёд биёварам. Эҳсос кард, ки хиҷолат кашидам, сареъ мавзўъро дигар кард.
– Лозим нест ин китобро ҳоло бихонӣ, каме зуд аст.
Ў корашро нотамом гузошт, якчанд китоби дохили комодро сареъ мурур карду якеро рўйи тахти хобам гузошт.
Рашод Нурӣ Гюнтекин «Чаманоро». Баъдҳо достони ин нависандаи туркро борҳо хондам ва шабоҳатҳое дар сарнавишти он духтараки саргардон ва зиндагии худамро кашф мекардам, аз китобҳои дўстдоштаам буд.
– Барои сину соли ту ин китоб хуб аст, достоне бо фарҷоми нек.
Китобро бардоштаму ногаҳон бо фузулие, ки ҳаргиз одатам набуд, аз ў пурсидам:
– Апа, ба рўятон чӣ шудааст?
Пушт ба ман карду дубора ба самти ҷевон рафт ва раҳ

пешина
аз 313
навбатӣ