Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
...
– Алло???
Ногаҳон қоматашро рост карду чонаашро боло бардошт.
– Гуфтӣ навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад?
Чӣ беҳтар! Пас пулис бе ман ҳам ба думболаш мешавад.
Линки наворро бифирист.
– Набинӣ беҳтар аст, ман натавонистам аз се сония фаротар биравам…
– Бифирист.
– Ҳарчи ту бигўӣ.
Эронгул садои паёмакро шуниду ба тахти хоб баргашт, нигоҳаш дар монитор гир карда буд.
Аз телефон садои ҷиғи занҳо, овозҳои ба ҳам омехта бо нидои «э бача, чӣ кор мекунӣ» ва як овози мардона, ки бо қабеҳтарин шева Эронгулро ҳақорат мекард, баланд шуд. Бо гўшаи чашм ба ў нигоҳ кардам, наворро аз оғоз то анҷом бо чеҳраи шабеҳи санг сарду беҳис тамошо кард.
Аъсоби қавӣ ва иродаи мустаҳакамаш ҳайратангез буд.
Саранҷом лабханде заду гуфт:
– Аҷиб аст... дунё ба андозаи сафҳаи телефони ҳамроҳ кўчак шудааст, дар гузашта намедонистӣ дар хонаи хоҳарат чӣ мегузарад, аммо ҳоло…
Тамоми он рўз ва рўзи дигар ҳушу гўши Эронгул дар телефон буд, шарҳи корбаронро ба саҳнаи латтукўб мехонд. Ҳузури маро аслан эҳсос намекард, танҳо гоҳе дар миёни суҳбатҳои телефониаш ишора мекард, ки истакони чойро ба ў бидиҳам. Ман аз ин нороҳат набудам, ҳамон тавр, ки мегўянд: «аз оғили холӣ дида, гови шохзан беҳ».
Ҳамин кофӣ буд, ки ҷони зиндае дар паҳлўям ҷумбуҷул мекард. Дар он ду рўз бархилофи майли худам, он қадр аз зиндагии Эронгул, ҳамсараш, хонаводааш ва дўстонаш маълумот гирифтам, ки гўё китоби зиндагиашро хондам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё