Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Саҳари зуд аз хона берун шудам, ёдам рафт гўширо бо худ бигирам.
То соати даҳи саҳар кор кардам ва баъд бо ҳамкоронам ба ҳамон қаҳвахона рафтем. Ногаҳон болои сарам зоҳир шуд, ин чӣ аст гуфту ҳақорат кард, як-як паёмакҳои дўстонамро варақ зад, чизи баде надоштанд, ишораҳои хандадори корӣ. Аз ҷой бархостам, то аз қаҳвахона берун шавам, аммо имкон надод.... баъд худат медонӣ чӣ шуд.
– Росташ ҳеҷ гоҳ аз ў хушам намеомад, лоиқи ту набуд.
– Барои ин ҳарфҳо дигар дер шуд... бошад, боз суҳбат мекунем.
– Нагуфти куҷо ҳастӣ, мехоҳӣ пешат биёям?
– На, на, ҷойи буду бошамро касе надонад беҳтар аст, дар ғайри ин, машварату насиҳати ҳамешагӣ шурўъ мешавад. Бояд худам тасмим бигирам, ки чӣ кор мекунам.
Ў муддате пушт бар ман дар васати ҳуҷра истод, он қадр дар афкори худ ғарқ шуда буд, ки аз занги телефонаш «як қад парид».
Ҳамон садои занона аз он сўйи хати телефон баланд шуд.
– Эронгул, намехостам нороҳатат кунам, аммо беҳтар аст ин хабарро аз ман бишнавӣ.
– Чӣ шудааст?
– Касе саҳнаи зарбу шатмро сабт кардаст ва ҳоло ин навор дар дунёи маҷозӣ мечархад…
– Ҷиддӣ мегўӣ??
– Оре…
Эронгул якбора сокит шуд, сураташро намедидам, аммо ингор мўй дар баданаш намеҷумбид.
– Алло?

пешина
аз 313
навбатӣ