Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Фурсати пардохти товонҳо

Ҳеҷ эҳсосе хуштару ҳаяҷонбарангез дар баробари мураххас шудан аз зоишгоҳ нест, вақте бо парпечи шоҳӣ аз дари бемористон бадар меоӣ ва тўдаи хешовандон бо гулу гулдаста ва чеҳраҳои шод ба истиқболат мешитобанд. Аммо бозгашти Найсон ба хона навиде аз тафреҳу шодӣ надошт, баръакс, сахттарин даврони зиндагиашро наздиктар мекард. Ў рўзи панҷуми баъди зоймон аз бемористон мураххас шуд. Шавҳараш мехост, ки зану бачаашро ба хонаи худаш бубарад, аммо як нигоҳи Найсон кофӣ буд то рули мошин ба самти хонаи Моҳистон бичархад. Вақте мошини ороёфта бо гулу пуфакҳои ранга ва арўсаки фарангӣ ба тангкўчаи ошно ворид шуд, ҳамсояҳо дубора ба берун рехтанд, пеши роҳи Найсон пойандоз андохтанд ва бар сари ў тангаву ширинӣ пошиданд, занҳо даф заданду остин такон доданду рақсиданд, то духтари Моҳистон набудани модарашро эҳсос накунад.
Эҳтимол муҳаббати ҳамин мардуми содаву вафодор буд, ки Моҳистон ҳаргиз аз ин маҳалла кўч набаст ва опортмони бузургаш барои ҳамеша холӣ монд. Найсон низ танҳо дар ҳамин хонаи қадимӣ эҳсоси оромиш мекард.
Кўдак бар хилофи «балвогариҳо»-и бевақфа дар шиками модар як кўдаки орому хоболўд баромад, рўзу шаб ба як шакл мехобид, зонувонашро то шикам боло меовард ва дастонашро рўйи синааш мегузошт, эҳтимол гумон мекард, ки ҳанўз ҳам дар шиками танги модараш қарор дорад. Холаҳояш гўшу биниашро мехориданд, ба рўяш бўса мезаданад, то бедор шавад, аммо ҳеҷ чорае корагар набуд, каме лаб инҷ мекарду ба худ мепечид ва дубора ба хоби амиқ мерафт. Танҳо замоне овоз дармедод, ки шикамаш аз гуруснагӣ ба ғур-ғур медаромад. Хола Қалам солҳо барои бачаҳои Моҳистон як парастори беминнат буд ва муроқибат аз набераи ўро низ вазифаи худ медонист.

пешина
аз 313
навбатӣ