Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Ў ин соатро дўст медошт, чун рўзону шабон хонаашро аз замзамаи мурғон пур мекард, дувоздаҳ парранда бо навбат, сари ҳар соат таронаи худро мехонд. Аммо ҳоло мехост бо кафш ба даҳони булбуле бизанад, ки мегуфт, роҳ то субҳ хеле дур аст. «Се соат баъд занг мезанам, ё барвақт бошад? Барвақт нест, бачаи навзод дорад, ҳатман зуд аз хоб баланд мешавад... Ё соати шаш бо ў дар тамос шавам?»
Санам ба бетобиҳои худ пузханд зад: «Зиндагӣ монанди як шуъбадабоз будаст, намедонӣ лаҳзаи баъдӣ аз кулоҳаш чӣ берун меорад.
То дирўз ҳавсалаи бо Найсон суҳбат кардан надоштам, мисли мор ба ў неш мезадам, аз садояш чиндишам меомад, вале ҳоло барои дидор бо ў лаҳзашуморӣ мекунам ва омодаам чорнаъл ба истиқболаш бидавам».
Эҳсос мекард, ки ин шаби тўлонӣ бидуни дуди талхи сигор тўлонитар хоҳад буд. Пушт ба панҷараи боз сигор рўшан кард ва бо назари интиқодӣ ба васоили хонааш чашм дўхт. «Бояд дивану сандалиҳоро иваз мекардам, холадухтар ҳатман мегўяд: «Киниск будаст, вагарна ин васоил бояд кайҳо моли зуволадон мешуд». Ногаҳон дилаш фишор хўрд, барои диван мутаассиф шуд, ингор дошт ба рафиқе хиёнат мекард, ки бори тани ўро солҳо дар ҳама ҳолат, дар ғаму шодӣ, дар дороиву нодорӣ рўйи шонааш мебардошт. Сигорро хомўш карду рўйи диван нишаст ва ҷойи нишасти ҳамешагиашро, ки мисли замини зери новадон фурў рафта буд, навозиш кард.
Дивану ду сандалӣ аввалин ҷиҳози гаронбаҳои хонаи Санам буд, ҳадяи Эронгул, ҳамон дўсти даврони паноҳҷўияш. Санам дар он марказ чандин ёру дўст пайдо кард, аммо танҳо Эронгул ба ў содиқ монд ва ҳарду бо ҳам мисли хоҳар шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё