Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Аз он замон солҳо гузашт, аммо гўё дирўз буд, ки як мошини борбар дар назди бино истод ва марди ношинос сар аз кобина берун оварду номи Санамро садо зад.
Сипас, сарашро ба сўйи борти мошин чархонд ва гуфт:
«Инҳоро апашка фиристод». Санам аз панҷараи табақаи дуюм бо ҳайрат ба нимтахту ду сандалии роҳат нигоҳ мекард, махмали обӣ дар партави офтоби саҳаргоҳӣ медурахшид. Ў ҳеҷ гоҳ ҷиҳозеро ба ин зебоӣ надида буд, қалбаш аз фараҳ лабрез шуд, гўё дунёро барояш дода буданд.
«Эронгули ман ҳоло куҷо бошад? Гуфта буд, ки ҷобаҷо шавад, дарҳол тамос мегирад, эҳтимол замон мебарад, то бо кори бонки бузурги ҷаҳонӣ одат кунад. Баъдан, соати мо аз онҳо фарқ дорад, вақте ў мехобад ман бедорам, вақте ман мехобам ў бедор мешавад. Куҷое бошад, Худованд ҳифзаш кунад, ҳеҷ гоҳ хубиҳои ўро фаромўш намекунам!»
Лаклак
«Эронгул пас аз як ҳафтаи рафтанаш аз паноҳгоҳи занон ба думболам омад, бисёр зебо ва шик буд, монанди як мудел аз маҷаллаи барроқ! Бароям шиму палто ва жемпир овард, бо барчаспҳои ноканда, эҳтимол мустақим аз фурўшгоҳ меомад. Бо Асал як маросими ғайриинтизори худоҳофизӣ доштам, маро ба оғўш гирифту гиря кард, мутаассир шудам, фикр намекардам, ки ин қадр ба ман муҳибат дорад, охир ҳеҷ гоҳ эҳсосашро нишон намедод!
Муносибати пизишк бо ман дигар буд, алоқамандиву дилсўзии ўро возеҳ эҳсос мекардам. Афсўс, ки то рафтани ман барнагашт, натавонистам ўро як бори дигар бубинам.
Нигаҳбон дарро барои Эронгул боз кард, аввал дастамро фишурд ва «Худо нигаҳбонат» гуфт, аммо ҳанўз пой аз дар берун нагзошта будам, ки номамро садо зад ва ба тарафам оғўш боз кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё