Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аммо вой аз фазои касалкунанди ин макон! Як фазои музӣ, дилгир ва ғамангез буд, бадтар аз муҳити паноҳгоҳи занон. Барои он занҳо мутаассиф будам, аммо дардеро, ки дар робита ба ин кўдакон эҳсос мекардам, бо он таассуф қобили қиёс набуд. Ин дард аз умқи қалбам берун меомад ва то ба дуртарин завоёи рўҳам нуфуз мекард. Шояд ба ин далел, ки ман ба ин кўдакҳо аз зовияи сарнавишти худ нигоҳ мекардам.
Дидор бо навзодҳои ятим ғамангезтарин фасли достони зиндагиам буд, бачаҳое буданд бадбахт, афганда дар ҳошияи зиндагӣ, бо чеҳраҳои ғамгин, бо чашмҳои рў ба сақф ва ҳиқ-ҳиқи дармонда дар гулў... Ман он бадбахтиҳоро ҳамарўза ламс мекардам, мебўсидам, дар гўшашон лолоӣ мехондам ва худам низ ба ботлоқи он бадбахтиҳо балъида мешудам.
Кўдакони ятимро аз ҳар кунҷу канор ба ин парваришгоҳ меоварданд, аз зоишгоҳ, аз бемористон, аз партовгоҳи ахлот, аз дами дари ҳамин муассиса, ҳатто аз ҳоҷатхона. Бархе ба далели марги нобаҳангоми волидон ногаҳон ятим мешуданд, бархи дигар маҳсули робитаҳои велгардона ва тасодуфии модаронашон буданд, ки бачаҳои худро дар зоишгоҳ раҳо мекарданд ва бо синаҳои пуршир аз дари пуштӣ мегурехтанд.
Ба кўдакони ятим гоҳо дар таваллудхона ному насаб медоданд, гоҳи авқот Моҳбегим «Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим мегуфт»-у аз феҳрасти исмҳои тоҷикӣ барои онҳо ному насаб интихоб мекард, номҳои зебое буданд, ҳовии хушбахтӣ, шигарфӣ, сарфарозӣ...вале номуносиб ба толеъи вожгуни кўдакони ятим. Моҳбегим даст ба сўйи осмон баланд мекард ва аз Худо мехост, ки ятимакҳо инҷо зиёд намонанд ва хонаводаҳои хубе онҳоро фарзанд бихонад. Ў зани хирадманд буд, беҳтар аз дигарон медонист, ки парваришгоҳ наметавонад ҷойгузини хонавода шавад ва муррабӣ ҳам наметавонад модарро иваз кунад.

пешина
аз 313
навбатӣ