Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Духтар, баланд шав, бояд ғизои кўдакҳоро омода кунем! Бо аҷала ба думболаш рафтам.
Бахши навзодҳо толоре дошт бузург, бо сақфи баланд, бо ошпазхонаву ҳаммому дастшўйӣ, ҷевону комодҳои кўчак ва як анборхонаи пур аз пўшаку сачоқу дастмолҳои нам. Деворҳои ин толор низ пур аз тасвири кўдакони хушбахту хандонрўй буд, вале ҳар садо дар ин фазои нимахолӣ, ки ҳолаи сангин дошт, пажвок эҷод мекард. Сокинони кўчаки ин макон бо чашмони боз дар тахтҳои шабеҳи ташт мехобиданд ва ҳар аз гоҳе паст-паст зуқ-зуқ мекарданд. Дар ин утоқ бист бачаи се -чаҳормоҳаро шумурдам.
Гулсум бе он ки ба ман коре бифармояд, бутриҳоро рўйи мизи ошпазхона қатор гузошт, ба ҳар бутрӣ ду қошуқ шири хушк ва аз қумқумаи барқии гармиаш чил дараҷа саду панҷоҳ- дусад грам об рехт, бутриҳоро такон дод ва рўйи чаҳорчарха гузошт. Сипас рў ба ман оварду пурсид:
– Фаҳмидӣ?
Гуфтам:
– Бале.
Як-як бачаҳоро ба паҳлў хобонд, бутриҳоро ба ҳула такя дод ва пистонакро ба даҳонашон гузошт.
– Аз он тараф шурўъ кун! – дастур дод ў ва сабадеро ба дастам дод. Вақте сабади холиро ба ў баргардонидам, нобоварона ба ман зул зад ва рафт, то натиҷаи корамро бисанҷад.
Чизе нагуфт, фақат ин дафъа теъдоди бутриҳоро бештар кард.
Корашро анҷом доду рўйи сандалии ошпазхона нишаст ва шишаи нимахолии «Кока-кола»- ро аз яхчол берун оварду ба як дам балъид.
Гулсумро то ҳол ду бор дида будам ва ҳамеша фикр мекардам, ки маро ба ёди касе меандозад.

пешина
аз 313
навбатӣ